Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод

Июль 10, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 10.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон  ва Фақерзода Қадриддинро вобаста ба оқибатҳои заминларза шуниданд.

Тавре маълум гардид, дар заминларзае, ки субҳи имрӯз рух дод, манзилҳои истиқоматӣ хароб шуда, боиси талафоти ҷонии 4 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супориш доданд, ки ҳар чӣ зудтар барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кӯмак ба оилаҳои зарардида чораҷӯӣ намоянд.

Комиссияи ҳукуматӣ ба таври фаврӣ дар маҳалли ҳодиса корҳои бартарафсозиро оғоз кард.

Тибқи иттиллои Маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зилзила соати 7-у 14 дақиқаи вақти маҳаллӣ, 20 километр дар наздикии маркази ноҳияи Рашт дар чуқурии 10 километр ба вуқуъ пайваста, қувваи он ба 5,9 балл аз руи ҷадвали Рихтер баробар буд.

Ҷунбиши замин дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос гардид.

Июль 10, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд