Сулаймон Султонзода: 500 тафтишу санҷиш 235,8 млн сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 500 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 235,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки тавассути тадбирҳои андешидашуда аз ин маблағ 178,4 млн сомонӣ ё 75,7 фоиз барқарор карда шуд. Аз маблағи рӯёнидашуда 49,5 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 128,9 млн сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд. Дар ин бора директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода 28 июл зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд, иттилоъ медиҳад хабанигори АМИТ «Ховар».
Мавсуф иброз дошт, ки аз маблағҳои ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ- 9,6 млн сомонӣ. камомад ва тасарруф- 11,5 млн сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ- 75,4 млн сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ- 1,0 млн сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ- 114 млн сомонӣ, маблағи кам ҳисобидашуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ- 24,1 млн сомониро ташкил менамояд.
Сулаймон Султонзода афзуд, ки воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 1211 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро нисбат ба 788 нафар ошкор намуданд, ки 470 адади он ба гурӯҳи ҷинояти вазнин шомиланд. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 171 ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 122 ҳолат марбут ба тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани қарз мебошанд.
Агентӣ баҳри иҷрои талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба корупсия», ки хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаршударо манъ намудааст, тадбирҳои зарурӣ андешида, дар давраи ҳисоботӣ 96 ҳолати вайрон кардани талаботи қонуни мазкурро ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо тадбирҳои судманд андешид.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






