«Танҳо донишҳои зеҳнӣ ва фарҳанги техникӣ метавонанд ба муқобили ақидаҳои хурофотию ифротӣ сипар шаванд»,-бардошт аз Слёти геологҳои ҷавон
ДУШАНБЕ, 26.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон Слёти VIII геологҳои ҷавон баргузор гардид.
Тавре аз Саридораи геология ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Слёти навбатии геологҳои ҷавон дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 ва Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи ҷамъомад зикр шуд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ бори ҳаштум аст, ки Слёти геологҳои ҷавон баргузор мешавад. Ҳадафи асосии Слёти геологҳои ҷавон ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ, кашфи истеъдодҳои нодири соҳаи геология, тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи тафаккури наврасону ҷавонон арзёбӣ гардид.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зикр кард, ки дар ҷомеаи имрӯза барои пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав ва неруи муҳими пешбарандаи иқтисодӣ буда, истифодаи васеи фановарии муосирро дар истеҳсолот ба хубӣ таъмин карда метавонанд.
«Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошед. Ба андешаи ман, дар ҷаҳони муосир танҳо донишҳои зеҳнӣ ва фарҳанги техникӣ метавонанд ба муқобили ақидаҳои хурофотию ифротӣ сипар шаванд”,- муроҷиат намуд И. Оймуҳаммадзода ба наврасону ҷавонон.

Слёти геологҳои ҷавон, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда мешуд, имсол бо сабаби пандемия дар сатҳи маҳдуд доир гардид.
Дар слёт асосан мактаббачагоне, ки ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ таваҷҷуҳ доранд, иштирок менамоянд. Дар он хонандагони мактабҳои кишвар бо маҳорату кордонӣ доир ба соҳаи геология қувваозмоӣ намуда, ҳамчунин малакаҳои нави касбиро аз худ менамоянд.
Муҳим он аст, ки бо ҷалби наврасону ҷавонон ба соҳаи геология муносибати онҳо ба табиат, ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои табиӣ ва аз ҳама муҳим муҳаббат ба Ватани хеш комилан тағйир меёбад. Дар гузашта низ чунин чорабиниҳо гузаронида шуда, натиҷаҳои назаррас ҳам медоданд. Имрӯз дар соҳа кадрҳои ҷавони лаёқатманд гирд омада, аксари онҳо мутахассисони ҳирфаӣ гардидаанд. Ҳоло ки рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба рушди соҳаи геология, хусусан саноати кўҳӣ вобаста аст, омўзиши қаъри замин ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок аз ҷониби геологони ҷавон ба мақсад мувофиқ мебошад.
Иштирокчиёни тадбири имсола дар мавзӯъҳои “Мафҳумҳои асосии геология ва вазифаҳои он”, “Тектоникаи плитаҳо ва нақши онҳо дар ташаккулдиҳии музофоти металлогенӣ”, “Мушоҳидаҳои комплексӣ дар кӯли Сарез”, “Таъсири фарсоиш ба ҷинсҳои кӯҳӣ ва минералҳо”, “Сангҳои рангаи Помир”, “Лаъли Бадахшон”, “Корҳои ҷустуҷӯӣ дар майдони пегматитдор” ва “Манбаҳои тиллои пошхӯрда” маърӯзаҳо пешниҳод карданд.
Аъзои ҳакамон аз байни онҳо беҳтаринҳоро интихоб намуданд. Ғолибон ба Слёти геологҳои ҷавони ИДМ, ки баргузории он моҳи августи соли равон дар назар аст, роҳхат гирифтанд.
Ҳамаи иштирокчиёни Слёти геологҳои ҷавон бо медал, Диплом ва Сипосномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.











Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд






