Темур Раҳимов дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио-2020 Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд
ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд.Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон низ дар гузашти ҳайатҳои олимпӣ ширкат намуд. Парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов буд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Пас аз гузашти ҳайатҳои олимпӣ аз номи варзишгарон, доварон ва мураббиён савганди олимпӣ қабул шуд. Аз ҷумла, аз номи варзишгарон Ямагата Риота (варзиши сабук) ва Ишикава Касуми (тенниси рӯи миз) савганд ёд карданд.
Сипас президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 Сейко Ҳашимото ва президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах суханронӣ карданд.
Сейко Ҳашимото, аз ҷумла иброз намуд, ки «Тамоми ҷаҳон бо COVID-19- бо ин мушкили азим рӯ ба рӯ шудааст. Ман мехоҳам ба ҳамаи кормандон, аз ҷумла ба намояндагони соҳаи тиб ва дигарон миннатдорӣ ва эҳтироми худро баён кунам, ки дар рафъи ин мушкил азми бузург нишон доданд».
Томас Бах гуфт: «Имрӯз як лаҳзаи умед аст. Биёед ин лаҳзаро қадр кунем, зеро дар ниҳоят мо бо ҳамем — варзишгарон аз 205 кумитаи миллии олимпӣ ва дастаи олимпии КБО, ки дар Деҳаи олимпӣ зери як бом зиндагӣ мекунанд. Ин қудрати муттаҳидкунандаи варзиш аст. Мо ҳама дар ин ҷо ба туфайли шумо, мизбонони меҳрубон — мардуми Ҷопонем, ки ба Шумо миннатдорӣ изҳор мекунем».
Президенти КБО Томас Бах императори Японияро даъват кард, ки Бозиҳои Олимпиадаи ХХХII, Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро кушода эълон кунад.«Ман Бозиҳои Токиоро, ки Олимпиадаи ХХХII давраи муосирро ҷашн мегирад, кушода эълон мекунам», — иброз намуд императори Япония Наруҳито. Оташи олимпиро дар Варзишгоҳи миллии Токио теннисбози машҳури Япония Наомӣ Осака фурӯзон кард.
Ҳамунин барномаи ҳунарӣ низ пешниҳоди ҳозирин гардид.
Ёдрас мешавем, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 10 варзишгари шинохтаи тоҷик аз рӯи 4 намуди варзиш иштирок мекунанд: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (дзюдо), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) шомил мебошанд.








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






