То оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд

Июль 16, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки давоми ҳар чаҳор сол доир мегарданд, аз зумраи мусобиқоти бонуфузи фароқоравӣ маҳсуб мешаванд. Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки бояд соли гузашта барпо мегардиданд, бо сабаби авҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон ба соли 2021 гузошта шуданд. То бозиҳои олимпии Токио-2020 чанд рӯзи дигар боқӣ монда, олимпиада аз 23 июл то  8  август доир мегардад. Имсол дар ин олимпиада дар назар аст, ки 11 ҳазор нафар варзишгар ширкат варзида, барои 339 ҷоиза миёни ҳам қувва санҷанд.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бозиҳои олимпӣ 10 нафар варзишгарони ҷавону умедбахш намояндагӣ мекунанд. Ёдовар мешавем, ки бар асари ҷароҳат гирифтан Гулсумбӣ Шарифова ба Олимпиада рафта наметавонад. Боқимонда 10 варзишгари дигар — дзюдочиён: Сомон Маҳмадбеков (вазни то -73 кг), Акмал Муродов (то -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то -90 кг), Темур Раҳимов (то + 100 кг), муштзанҳо: Баҳодур Усмонов (то -63 кг), Шаббос Негматуллоев (то -81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз -91 кг); риштаи варзиши сабук: Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м); шиноварон: Олимҷон Эшонов (тарзи озод, 50 м), Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м) рӯзи 20 июл бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Токио ба Олимпиада мераванд.

Парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио  паҳлавони  шинохта Темур Раҳимов мебошад. Бо назардошти варзишгарон, шумори ҳайати  дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст.

Ҷадвали мусобиқаҳои варзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпӣ

23 июл (ҷумъа)

Маросими ифтитоҳ, шаҳри Токио. Парчамбардори тими олимпии Тоҷикистон ҷудочии номвар -Темур Раҳимов.

24 июл (шанбе )

Бокс. Вазни то -81 кг, 1\16 финал. Шаббос Негматуллоев.

25 июл ( якшанбе )

Бокс. Вазни зиёда аз 91 кг. 1\8 финал. Сиёвуш Зуҳуров.

26 июл (душанбе)

Ҷудо. Вазни то — 73 кг. Даври аввал ва финал. Сомон Маҳмадбеков

27 июл (сешанбе)

Бокс. Вазни — 63 кг. 1\16 финал. Баҳодур Усмонов.

Вазни — 81 кг. 1\8 финал.

Ҷудо. Вазни то 81 кг. Даври аввал ва финал. Акмал Муродов.

28 июл ( чоршанбе)

Ҷудо. Вазни — 90 кг. Даври аввал ва финал. Комроншоҳи Устопириён

29 июл (панҷшанбе)

Ҷудо. Вазни +100 кг. Даври аввал ва финал. Темур Раҳимов.

30 июл (ҷумъа)

Бокс. Вазни — 81 кг. 1\4 финал.

Шиноварӣ. Тарзи озод, 50 м. Мардон ва занон. Рақобатҳои пешакӣ. Олимҷон Эшонов ва Анастасия Тюрина.

31 июл (шанбе)

Бокс. Вазни то 63 кг. 1\8 финал.

Шиноварӣ. Тарзи озод, 50 м. Рақобатҳои нимфиналӣ.

Варзиши сабук. Мардон. Давидан ба масофаи 100 м. Дави пешакӣ. Илдар Аҳмадиев

1 август (якшанбе)

Бокс. Вазни то 81 кг. 1\2 финал.

Вазни зиёда аз 91 кг. 1\4 финал.

Шиноварӣ. Тарзи озод, 50 м. Рақобатҳои финалӣ.

Варзиши сабук. Мардон. Давидан ба масофаи 100 м. Рақобатҳои нимфиналӣ ва финал.

2 август (душанбе)

Варзиши сабук. Занон. Давидан ба масофаи 200 м. Рақобатҳои нимфиналӣ

3 август (сешанбе)

Бокс. Вазни то 63 кг. 1\4 финал.

Варзиши сабук. Занон. Давидан ба масофаи 200 м. Финал

4 август (чоршанбе)

Бокс. Вазни то 81 кг. Финал.

Вазни зиёда аз 91 кг. 1\2 финал.

6 август ( ҷумъа)

Бокс. Вазни то 63 кг. 1\2 финал.

8 август (якшанбе)

Бокс. Вазни то 63 кг. Финал

Вазни зиёда аз 91 кг. Финал

Июль 16, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад