Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ҶДММ «Алюмин Проф»-ро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти саноатӣ дидан намуданд

Август 26, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф»-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги асос гузоштанд.

Зимни боздид аз корхонаи азими «Алюмин Проф» гуфта шуд, ки коргоҳи навтаъсис имконият дорад дар як сол 7200 тонна алюминийро коркард намуда, аз он қариб 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол намояд. Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои алюминий барои истеҳсоли дару тиреза, профилҳо барои ороиши берунаи биноҳои баландошёна, ки бо истифода аз шиша оро дода мешаванд, қисмҳои алоҳидаи мебел, карнизҳои гуногун барои овехтани парда ва боз чандин номгӯй маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешаванд. Ин номгӯй маҳсулот асосан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар кишварҳо ворид карда мешавад ва бо фаъол гардидани «Алюмин Проф» имконият фароҳам меояд, ки талаботи бозори дохилӣ бо чунин навъи маҳсулот аз ҳисоби истеҳсолоти худӣ қонеъ карда шавад. Дар ин баробар нарху навои он низ коҳиш дода мешавад.

Маҳсулоти ниҳоии корхона ҳамчунин таъйиноти содиротӣ дошта, дар марҳилаи аввал ҳадаф аст он ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фурӯш бароварда шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хаттҳои истеҳсолии корхонаи навтаъсис аз наздик шинос шуда, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулини корхона дастур доданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф» аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба амалишавии «Барномаи саноаткунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки дар доираи ин барнома дар шаҳри Турсунзода сохтмони 10 корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли профили алюминийи «Алюмин Проф» расман оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи дуюми иншооти мазкур дар зарфи ду соли оянда бунёд гардида, ба ҳамин васила ҳам ҳаҷми истеҳсолот ва ҳам ҷойҳои кории доимӣ афзоиш дода мешавад.

Бо ба истифода додани марҳилаи дуюм, дар маҷмӯъ коркарди солонаи алюминий дар корхона ба 15 ҳазор тонна баробар гардида, шумораи кормандони ҷамъият аз 60 нафар ба 200 нафар расонида мешавад. Дар марҳилаи баъдӣ инчунин истеҳсоли номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ, ки аз алюминий омода мешавад, роҳандозӣ шуда, дар он низ хаттҳои истеҳсолии муосиру ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ васлу насб мегардад.

Дар саҳни корхонаи навтаъсис намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода ташкил карда шуд, ки аз он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ 10 корхонаи шаҳр гӯшаҳои алоҳидаи худро ташкил карда, аз рушду равнақи соҳаи саноат дар шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки нишондиҳандаҳои соҳа дар ин шаҳр ҳамасола рӯ ба болоравӣ дошта, ҳиссаи бахши саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии шаҳр ба тарзи чашмрас зиёд мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисашаванда дар нимсолаи аввали соли 2021 422 миллиону 182,9 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 8,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар намоиши имрӯза корхонаҳои саноатӣ алюминий ва маҳсулоти алюминӣ, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, қуттиҳои гуногун барои маҳсулот ва хӯроквориро, ки айни замон дар шаҳр истеҳсол мегарданд, ба маърази дид гузоштанд.

Зимни боздиду суҳбатҳои самимӣ саноатчиёни шаҳри Турсунзода ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимияшон нисбат ба рушди бахши саноат, фароҳам сохтани имтиёзҳои гуногун ва дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ҶДММ "Алюмин Проф", гузоштани санги асоси марҳилаи дуюми корхона ва боздид аз намоиши маҳсулоти саноатӣ 26.08.2021

Август 26, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Чойхонаи миллӣ барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароит фароҳам оварда мешавад
Дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод «Маркази ҷавонон» ва майдончаҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Ли Ҷе Мюн барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе шинос шуданд