Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Вазорати молияи кишвар бояд ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои болаёқат мунтазам чораҷӯӣ намояд»
ДУШАНБЕ, 21.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар низоми Вазорати молияи кишвар 1453 корманд фаъолият дошта, аз онҳо ҳамагӣ 329 нафар ё 23 фоиз занону бонувон мебошанд, ки кофӣ нест, — иброз намуданд дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба истифода супоридани бинои нави Вазорати молияи дар шаҳри Душанбе.
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки то ҳол донишу малакаи на ҳамаи кормандони соҳа, хусусан, дар самти фаъолияти таҳлилӣ, истифодаи технологияҳои молиявӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.
«Хотирнишон менамоям, ки , — гуфтанд дар идомаи сухан Пешвои миллат, — идоракунии босамари захираҳои инсонӣ омили муҳимми таъмин намудани рушди ҳамаи соҳаҳо ба ҳисоб меравад».
Бинобар ин, ба роҳбарияти Вазорати молия супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар мақомоти масъул ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои болаёқат, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






