Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Вазорати молияи кишвар бояд ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои болаёқат мунтазам чораҷӯӣ намояд»

Август 21, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 21.08.2021 /АМИТ  «Ховар»/.  Дар низоми Вазорати молияи кишвар 1453 корманд фаъолият дошта, аз онҳо ҳамагӣ 329 нафар ё 23 фоиз занону бонувон мебошанд, ки кофӣ нест, — иброз намуданд дирӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба истифода супоридани бинои нави Вазорати молияи дар шаҳри Душанбе.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки  то ҳол донишу малакаи на ҳамаи кормандони соҳа, хусусан, дар самти фаъолияти таҳлилӣ, истифодаи технологияҳои молиявӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.

«Хотирнишон менамоям, ки , — гуфтанд дар идомаи сухан Пешвои миллат, —  идоракунии босамари захираҳои инсонӣ омили муҳимми таъмин намудани рушди ҳамаи соҳаҳо ба ҳисоб меравад».

Бинобар ин, ба роҳбарияти Вазорати молия супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар мақомоти масъул ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои болаёқат, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандон мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

   АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Август 21, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»