Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар шаҳри Турсунзода боздид ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» боздид намуданд. Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2011 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 105 гектар замин дорад ва аз ин ҳисоб 100 гектараш токзор мебошад. Дар хоҷагии мазкур 165 нафар саҳмдор фаъолият карда, асосан ангури навъҳои «шоҳона», «ҳусайнӣ», «ғалаба», «кардинал»-ро, ки хуштаъму болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаи табиӣ мебошанд, истеҳсол мекунанд.
Соли дуюм аст дар хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” парвариши ангури навъи «Президент» ба роҳ монда шудааст, ки ҳосилнокии баланд дорад. Бояд тазаккур дод, ки муассиси хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъмат Усмонов мебошад ва ҳоло роҳбарии хоҷагиро писари ӯ Расул Неъматов ба уҳда дорад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва усулҳои санҷидашудаи парвариши боғи ангур ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” бо боғи ангур, ки бо санъати баланди касбӣ кишту парвариш меёбад, шинос шуда, таъкид намуданд, ки аз хӯшаҳои сербори токҳои ангур аён аст, ки ҳосилнокӣ имсол фаровон аст.
Ба иттилои мутахассисон аз 1 гектар боғ аз 30 то 40 тонна ҳосили ангур рӯёнда мешавад. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Дар 0,35 гектар замин парвариши беш аз 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишию сояафкани нодир ва мевадиҳанда, ки ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ мебошанд, парвариш карда мешаванд.
Бо дарназардошти таҷрибаи бойи ин деҳқони асил дар соҳаи ангурпарварӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар заминаи хоҷагии мазкур бо ҷалби мутахассисони хоҷагиҳои токпарварии мамлакат ҳамасола машғулияти амалии саҳроӣ ташкил ва баргузор карда шаванд. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир амалан хубтару беҳтар омӯхтани нозукиҳои бунёди боғу токзор буда, ба ин восита барқарор ва васеъ кардани замини боғҳои ангур дар мамлакат мебошад. Истифодаи босамари таҷрибаи мазкур имкон медиҳад, ки истеҳсоли ангур дар ҷумҳурӣ ба маротиб зиёд гардида, содироти он ба хориҷи кишвар бештар карда шавад.
Ҳамчунин дар беш аз 1,5 гектар замини хоҷагӣ кишту парвариши сабзавоту полезӣ ба роҳ монда шуда, ҳар қитъа замин босамар истифода мегардад. Самти дигари фаъолияти хоҷагӣ чорвопарварӣ мебошад, ки 2000 ҳазор сар гӯсфанд парвариш карда мешавад. Барои таъмини ғизо ба чорво дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ ҷуворимакка ва юнучқа кишту ҷамъоварӣ шуда, чорвои майда дар ҳама фасли сол бо хӯроки хушсифат таъмин аст. Ҳудуди хоҷагӣ ба масофаи зиёда аз 5 километр роҳ асфалтпӯш карда шудааст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар баробари таъмини бозори дохилӣ аз ҳисоби хоҷагии мазкур қариб 500 тонна ангур ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст ва ин раванд бо маром идома дорад. Бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳама фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тару тоза дар ҳудуди хоҷагӣ сардхонаи замонавӣ бунёд гардида, иқтидори ғунҷоиши он 1000 тоннаро ташкил медиҳад. Сардхона дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад.
Бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат ва ҷиҳати дастгирии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат роҳбарияти хоҷагии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” дар амалӣ кардани корҳои хайру савоб низ саҳми назаррас доранд. Аз ҷониби роҳбари хоҷагӣ ташкилоти хайриявии “Эҳсони Сомониён” таъсис ёфта, сарпарастии 50 нафар шахси ниёзмандро ба уҳда дорад. Инчунин хоҷагӣ дар бунёду навсозии роҳу пулҳо, корҳои соҳилбандӣ, таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ободонии маҳал ва чароғонкунии кӯчаҳо саҳм мегузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо натиҷаи заҳмати боғдорон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои ангур, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат, анҷоми корҳои хайр ва саҳм гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос карда, ба онҳо барори кор таманно намуданд.









Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид






