Ба хатмкунандагони Маркази таълимии раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Хоруғ шаҳодатномаи тахассусӣ супорида шуд

Август 1, 2021 09:08

ХОРУҒ, 01.08.2021  /АМИТ «Ховар»/. Дар қисми марзбонии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақар дар шаҳри Хоруғ маросими тантанавии супурдани шаҳодатнома ба хатмкунандагони курсҳои Маркази таълимӣ баргузор гардид.

Ба гуфтаи сардори ситоди Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наврӯз Шералиев, “ин шаҳодатномаҳо ба сарбозоне, ки  баҳори соли равон ба  хизмати Ватан даъват шуда буданд,  супурда мешаванд. Давоми зиёда аз се моҳ  наваскарон бо истифода аз технологияи муосир ихтисосҳои алоқачӣ, мерган, норинҷакандоз, нозукиҳои силоҳҳои сабуку вазнин ва ошпазиро аз худ намуданд. Ногуфта намонад, ки баъзе аз сарбозон ин ихтисосҳоро ҳанӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар курсҳои назди Кумитаи ташкилоти мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ ёд гирифта буданд. Боварӣ дорам, ки  шаҳодатномаҳои мазкур барои сарбозон баъди   ба поён расондани хизмат низ ба кор меоянд ва онҳо метавонанд дар идораву муассисаҳои давлатию бахши хусусӣ фаъолият намоянд”.

Сарбози қаторӣ Мизробшо Нозиров аз дарсҳои назариявию амалии Маркази таълимӣ ситоиш намуда, изҳор дошт, ки «яке аз муҳимтарин хусусиятҳои технологияи таълим- ин гузоштани мақсад дар назди шогирдон мебошад. Мақсад меъёрест, ки ҳар шахс дар назди худ мегузорад ва барои расидан ба он талош мекунад. Омӯзгорон ҳангоми таҳияи тарҳи ягон мақсад фикру мулоҳизаи сарбозонро ҳам ба назари эътибор мегирифтанд. Чунин тарзи таълим барои аз худ намудани мавзӯи дарс бештар мусоидат мекунад. Ман имрӯз Маркази таълимиро бо ихтисоси алоқачӣ хатм кардам ва умедворам, ки дар оянда ба ягон донишкадаи техникӣ дохил шуда, касбамро боз ҳам такмил диҳам. Ба роҳбарияти Маркази таълимӣ ва ҳамаи устодон сипоси бепоён баён мекунам».

Дар ин рӯз ҳамчунин як гурӯҳ сарбозону афсарони қисми марзбонӣ бо ифтихорномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят сарфароз гардонида шуданд.

 

Аксҳо аз АМИТ «Ховар»

Август 1, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид