Боз як ширкати нав вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ворид гардидани боз як ширкат ба бозори сайёҳии мамлакат хабар медиҳад. Дар ҷаласае, ки дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат доир гардид, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ба роҳбари ширкати навтаъсиси «Шумон» Бахтовар Аминзода иҷозатнома супорид, иттилоъ доданд аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».
Ширкати «Шумон» дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфта, ҳадафаш рушди туризми дохилӣ бо фарогирии сайёҳии табобатӣ, фарҳангӣ, аграрӣ ва экологӣ мебошад. Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари ширкати сайёҳии «Шумон» Бахтовар Аминзода гуфт, «дар оянда ният дорем ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, хусусан давлатҳои Осиёи Марказӣ тавсеа бахшем. Алҳол бо яке аз ширкатҳои сайёҳии Узбекистон- «Самарқанд тревел» вориди гуфтушунид шудаем».
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ инчунин муҳлати фаъолияти ширкати «Вояж тур»-ро тамдид намуд. Роҳбарони ширкатҳои сайёҳии навтаъсис аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ арзи сипос намуда, омодагии худро барои ташкили барномаҳои ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон изҳор доштанд.
Дар заминаи имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонии бахши сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ зиёд гардид. Ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан устувор гаштани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат таъсири мусбат мерасонанд. Ҳоло дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 230 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, дар рушди сайёҳӣ дар мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.
АКСҲО аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






