COVID-19. Зиёда аз 19 ҳазор нафар сокинони шаҳри Ҳисор ваксина гирифтанд

Август 11, 2021 08:42

ҲИСОР, 11.07.2021 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯзҳо чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  шаҳри Ҳисор  маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории сироятии коронавируси нави  COVID-19 миёни аҳолӣ идома дорад.

Тавре роҳбари Маркази саломатии шаҳри Ҳисор Анвар Аъзамов ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» хабар дод, то дирӯз зиёда аз 19 ҳазор шаҳрвандони шаҳри Ҳисор бо ваксинаҳои «Moderna» ва  «CoronaVaс» фаро гирифта шуданд. Дар ин маърака кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ сафарбар гардида, дар байни мардум нисбати фоидаҳои ин ваксинаҳо дар пешгирии бемории COVID-19  ба саломатии инсон тариқи баландгӯякҳои воситаҳои нақлиётӣ ва гардиши хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Раиси маҳаллаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Ҳисор Нурмаҳмад Маҳмудов гуфт, ки барои пешгирии ин бемории сироятӣ дар маҳалла аввалин шуда бо аҳли оилаам ваксина гирифтем. «Хушбахтона айни замон саломатии мо хуб аст ва ин ваксина дар бадани мо ягон ориза нишон надод. Сокинони маҳаллаи мо барои пешгирии бемории COVID-19 ва нигоҳ доштани саломатии худ ва фарзандонашон  ба бунгоҳи тиббии маҳалла омада, ваксина зада истодаанд. Бояд ҳар як шаҳрванд аввалиндараҷа фикри саломатии худ ва наздиконашро кунад», — тазаккур дод Н. Маҳмудов.

Тибқи иттилои масъулини  шаҳри Ҳисор айни замон дар шаҳри Ҳисор зиёда аз 331 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ менамояд, ки аз инҳо 197 ҳазору 510 нафар аз синни 18-сола болоро дар бар мегирад ва ба гурӯҳи мақсаднок ворид карда шудаанд.

Мудири шуъбаи санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр Аловиддин Кокиров мегӯяд, ки то имрӯз ба шаҳри Ҳисор 40 ҳазор вояи ваксинаи «CoronaVaс» ва 32 ҳазору 400 вояи  ваксинаи «Moderna» ворид шудааст. Фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия хуб буда, дар 81 нуқта табибони оилавӣ ва мутахассисони  ботаҷриба аҳолии шаҳрро ваксинатсия карда истодаанд. Нигоҳдории ваксинаҳо ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар нуқтаҳо таҳти назорати доимии мутахассисони маркази мо қарор дорад.

Ҳамчунин оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи ситоди шаҳрӣ гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳайати роҳбарони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, нозирони минтақавии милитсия, мутахассисони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла муассисаҳои давлатии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, кумаки аввалияи тиббӣ — санитарӣ дар шаҳр таъсис ёфтааст. Намояндагони ин гурӯҳи корӣ дар кӯчаву маҳаллаҳои серодам, бозору терминалҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

 

АКС  аз АМИТ «Ховар»

Август 11, 2021 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст»
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ