Дар Бадахшон ҷаласаи Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ ҷаласаи Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назди муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситоди байниидоравии макомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят, генерал-лейтенанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ВМКБ Рустам Имомбердиев зимни ироаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти Шӯро давоми соли равон зикр кард, ки аъзои Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар РВКД ВМКБ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатӣ, мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти назаррас нишон медиҳанд.
Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ зимни ҷаласаи Шӯро иброз доштанд, ки барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва фаъолияти хизматии кормандони ҷавони милитсия саҳми назаррас мегузоранд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ А.Аламшозода, роҳбари Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят аз даргириҳо ва авзои ноамну ногувори минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳар лаҳза метавонанд ба оромӣ ва сулҳу суботи кишвар халал расонанд.
Мавсуф афзуд, ки «дар пеш чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешаванд ва ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сазовор ҷашн гирифтани маъракаҳои муҳими сиёсӣ масъулияти баланд нишон диҳем».
АКС аз ВКД ҶТ








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






