Дар БМТ қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар бонкҳо баррасӣ шуд

Август 23, 2021 18:00

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев вобаста ба қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бонкҳо ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва шахсони масъули бонкҳои ваколатдори кишвар иштирок намуданд. Дар ин бора аз БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҷамолиддин  Нуралиев доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон ироашуда таҳия гардидааст, маълумот дод. Таъкид шуд, ки қонуни мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Ҳадафи он ворид гардидани сармояи иловагӣ ба низоми  молиявӣ-бонкӣ ва ба ин васила бештар гардидани маблағгузориҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, таъсиси ширкатҳои нав, беҳтар гардидани сармояи оинномавии ширкатҳои амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои кории нав, ба иқтисодиёти расмӣ баргардонидани маблағҳои андозсупорандагон аз иқтисодиёти пинҳонӣ, коҳиши сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ, вусъати гардиши коғазҳои қиматнок, рушди маблағгузории сохтмони молу мулки ғайриманқул, маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, воридшавии сармоя аз хориҷи кишвар ва беҳтар гардидани мавқеи тавозуни пардохти ҷумҳурӣ мебошад.

Зикр шуд, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои зикршуда аз ҷониби БМТ тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Аз ҷумла,  қарори Раёсати БМТ «Дар бораи талаботи махсус ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ дар варақаи махсус, шакли ҳисобот ва рӯйхати бонкҳои ваколатдор» қабул шуд. Он барои бонкҳои ваколатдор мутобиқи рӯйхати тасдиқшуда ё филиалҳои онҳо риояи қоидаҳои  иловагиро ҳангоми кушодани суратҳисобҳои амонати муҳлатнок ё дархостшавандаи бонкӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, муқаррар менамояд.

Инчунин бо қарори мазкур намунаи шакли шаҳодатнома оид ба қонунигардонии маблағ, шакли ҳисобот ва рӯйхати бонкҳои ваколатдор тасдиқ гардид. Ҳамзамон раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони кишвар дар бонкҳо, тартиби пур кардани шакли ҳисоботи оморӣ ва масъалаҳои вобаста ба амалигардонии қонун ба намояндагони бонкҳои ваколатдори кишвар тавзеҳ дода шуд. Иштирокдорон вобаста ба қонуни мазкур ва раванди босамари татбиқи он табодули назар намуданд.

Ҷамолиддин    Нуралиев таъкид намуд, ки дар раванди қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо бояд мутахассисони соҳибтаҷрибаи бонкҳо ҷалб гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кишвар ҷоннок карда шаванд.

 Аксҳо аз БМТ

Август 23, 2021 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2025 дар Тоҷикистон дар беш аз 1 миллион гектар ҷангал бунёд карда шуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд Созишномаи молиявӣ ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 2147 шахси воқеию хуқуқӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Ҳисор ҳашт корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳҳои татбиқи механизми муосири гармидиҳӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба тиҷорати байналмилалӣ ҳамоиши омӯзишӣ гузаронида шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3604 то 9.4000 сомонӣ муқаррар шудааст
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак», марҳилаи 1 моҳи декабри соли 2026 анҷом меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонӣ дар Дубай иштирок дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар неругоҳу марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 18 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт