Дар доираи саноатикунонӣ дар шаҳри Ҳисор 74 корхонаи саноатӣ фаъол гардиданд

Август 1, 2021 10:51

ҲИСОР, 01.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи саноатикунонии   мамлакат, ки  яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар шаҳри Ҳисор  74 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Корхонаҳои мазкур асосан дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ,  маҳсулоти нафтӣ, оҳан  ва маводи сохтмонӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. То ин давра  марҳилаи сеюми коргоҳи истеҳсоли бомпӯшҳои ранга дар назди ҶДММ «Истеҳсоли турба ва профили тоҷик» бо иқтидори истеҳсоли  500 ҳазор дона бомпӯш  дар як сол бо таъсиси 15 ҷойи кор, корхонаи истеҳсоли бомпӯши ҶДММ «Юсуфҷон-2020» бо иқтидори истеҳсоли   500 ҳазор дона бомпӯш  дар як сол бо таъсиси 20 ҷойи кор, корхонаи истеҳсоли  зарфҳои калонҳаҷми пластикӣ аз ҷониби  ҶДММ «Импекс Компания» бо таъсиси 10 ҷойи кор,  корхонаи коркарди санги  ҶДММ «Авесто гурӯҳ» бо таъсиси 11 ҷойи кор ва корхонаи истихроҷи қуму шағали ҶДММ «Сарвати саноат» бо таъсиси 7 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар намуд.

Зикр шуд, ки дар шаҳри Ҳисор бахшида  ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани  солҳои 2019-2021 бунёди 866 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 722 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Бо ташаббуси сокинони шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони маҳаллӣ танҳо дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 111 иншоот ва дар арафаи таҷлили  ҷашни Ваҳдати миллӣ 185 иншоот ба истифода дода шуданд.

Дар шаҳри Ҳисор соли 2021  Соли роҳҳои обод эълон шудааст. Дар ин асос аз ҳисоби буҷети шаҳр 200 тонна муми моеъ харидорӣ шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр беш аз 50 км роҳҳо мумфарш гардиданд.

 

Аксҳо  аз АМИТ «Ховар»

Август 1, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд