Дар Душанбе нахустин вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 август дар шаҳри Душанбе нахустин вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Дар он намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои узви СҲШ, ки барои ҳамкорӣ дар бахши энергетика масъуланд ва Котиботи СҲШ иштирок доштанд.
Чорабиниро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ифтитоҳ намуд.
Зикр гардид, ки сарфи назар аз пандемияи коронавирус, кишварҳои СҲШ ҳамкориро дар бахши энергетика идома медиҳанд.
«Фазои СҲШ — маҷрои бузурги энергетикӣ мебошад, ки дар доираи он миқдори зиёди неруи барқ истеҳсол, истеъмол ва интиқол дода мешавад. Ин иқтидор бояд барои пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти пайваста афзояндаи кишварҳои узви СҲШ истифода шавад»,- гуфта шуд дар вохӯрӣ.
Дар рӯзномаи ҷаласа вазъ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетикии кишварҳои узви СҲШ, лоиҳаи Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар бахши энергетика, таъсиси Гурӯҳи кории кишварҳои узви СҲШ оид ба энергетика баррасӣ шуд.
Ҳамгироии сарчашмаҳои гуногуни энергия ва таъмини кори мувозии системаҳои энергетикӣ, табодули дониш дар соҳаи электроэнергетика, такмили заминаи истеҳсолии комплекси сӯзишворию энергетикӣ, таъсиси иқтидорҳои нави энергетикӣ бо назардошти тавозуни энергетикии кишварҳои узви СҲШ, ҳамкорӣ дар шароити буҳрони сӯзишворӣ — энергетикӣ, таҳияи равишҳои нав дар соҳаи самаранокии энергия ва сарфаи энергия бо назардошти таҷрибаи кишварҳои гуногун ба сифати самтҳои асосии ҳамкорӣ номида шуданд.
АКС: АМИТ “Ховар”








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






