Дар ноҳияи Спитамен бунёд ва таҷҳизи корхонаҳои саноатӣ ҷараён дорад

Август 26, 2021 08:22

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ноҳияи Спитамен ҷараёни бунёд ва васлу насби таҷҳизотро дар корхонаҳои навтаъсиси «Шири Спитамен» ва коргоҳи истеҳсоли сачоқ ва хилъати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25-солагии Истиқлолият» мавриди таваҷҷуҳ қарор дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Корхонаи коркарди шир аз ҷониби ҶСП «Комбинати шири Душанбе» сохта шуда,  маблағи умумии сармоявӣ 7,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст,  аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз ба ҳисоб меравад.

Коргоҳи истеҳсоли сачоқ ва хилъат аз ҷониби ҶДММ «Органик-Ян»  таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал дар он то 150 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд. Таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳ аз Туркия ва Корея ворид карда шуда, аз нахи пахтаи дар корхонаи «Органик-Ян» истеҳсолшаванда маҳсулоти тайёр омода ва ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ бароварда хоҳад шуд.

Барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо раиси вилоят ба масъулин тавсияҳо дода, таъкид кард, ки иншооти ҷашнӣ дар муҳлати пешбинишуда бояд омода карда шаванд.

Сипас раиси вилоят бо вазъи омодагии корхонаҳои коркарди пахта, аз ҷумла ҶСП «Деҳқон» ва ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» шинос шуда, барои пурра ба мавсими нав омода намудани корхонаҳои коркарди пахта супоришҳо дод.

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 26, 2021 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Корхонаи навбунёди «Шири Ҷайҳун» 10 намуд маҳсулот истеҳсол менамояд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд