Дар Ню-Йорк татбиқи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баррасӣ гардид

Август 7, 2021 09:07

ДУШАНБЕ, 07.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 август мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Намояндаи олии СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикарда, кишварҳои тарақикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ Куртеней Раттрей доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот авлавияти кишвар дар Гурӯҳи кишварҳои тарақикунандаи маҳсур дар хушкӣ, инчунин масъалаҳои татбиқи Барномаи амали Вена, барқароршавӣ аз ҳамагирии COVID-19, дастрасии баробар ба ваксинаҳо, такмил ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) ва ҳамкориро ҷиҳати татбиқи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” матраҳ шуданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Август 7, 2021 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд