Дирӯз Шӯрои амнияти СММ оид ба Афғонистон қатънома қабул намуд. Онро Русия ва Чин дастгирӣ накарданд

Август 31, 2021 11:56

ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Шӯрои Амнияти СММ дар Ню-Йорк оид ба вазъияти Афғонистон қатънома қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти СММ.

«Қатъномаи ША СММ, ки  Британияи Кабир якҷоя бо иттифоқчиёни мо пешниҳод намудааст, баръало маълум менамояд, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо афғонҳо ҳамфикр аст», — навиштааст сарвазири Шоҳигарии Муттаҳида Борис Ҷонсон дар Twitter бегоҳи рӯзи душанбе. «Мо бо овози ягона мегӯем, ки мо тарафдори рафтани бехавфи [хориҷиён ва афғонҳоем, ки ба ин кор ҳақ доранд], дастрасии башардӯстона ва эҳтироми ҳуқуқи одамонем», — илова намуд Ҷонсон.

Дар қатъномаи қабулшуда аз ҳаракати «Толибон»*, киҷумҳуриро забт карда гирифтааст, даъват шудааст, ки аз мамлакат хориҷшавии бехавфи афғонҳо ва шаҳрвандони хориҷиро таъмин намояд. Қатънома инчунин фаъолсозии кӯшишҳоро оид ба пешниҳоди кумаки башардӯстона дар назар дорад. Ба тарафдории қатънома 13 узв овоз дода, Русия ва Чин бетараф мондаанд.

Русия, тавре РИА Новости навиштааст, зимни овоздиҳии қатъномаи ША СММоид ба вазъияти Афғонистон барои он бетараф мондааст, ки муаллифони он мушаввашии Москваро ба назар нагирифтаанд. Ин гуна шарҳро намояндаи доимии ФР дар СММ Василий Небензя низ додааст.

Ба гуфтаи Небензя, зимни гуфтушунидҳо Русия «норавоии оқибатҳои манфии тахлияи мутахассисони соҳибтахассуси афғонро барои ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодии Афғонистон»таъкид намуда буд. Москва таъкид намуда буд, ки зимни «ихроҷи мағзҳо» ин давлат ба ҳадафҳои рушди устувор расида наметавонад. Ин гуна маълумоти муҳим «дар матн тавзеҳ наёфтаанд».

Зикр мекунем, ки ША СММ қатъномаи Афғонистонро бе овозҳои Русия ва Чин қабул намуд. Дар ҳуҷҷат дар баробари дигар масъалаҳо дар бораи талаби таъмини ихроҷи бехавфи аҳолӣ, инчунин расонидани кумаки башардӯстона сухан меравад.

АКС: AP 2021

____________________________________

* Фаъолияти ташкилот дар Тоҷикистон мамнӯъ аст

Август 31, 2021 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Арабистони Саудӣ ёддошти шарикӣ бо Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ кард
СУТ 9 ҳолати сироятёбӣ аз табларзаи Марбургро дар Гвинеяи Экваториалӣ тасдиқ кард
Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст