Фарҳод Раҳимӣ бо Дмитрий Рогозин мулоқот намуд

Август 13, 2021 14:06

ДУШАНБЕ, 13.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи имкониятҳои гурӯҳи мадории русӣ барои санҷиши фосилавии Замин барои рушд ва такомули илм ва иҷтимоиёту иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  истифодаи воситаҳои оптикии мушоҳидаҳои Расадхонаи астрономии Ҳисор ва Расадхонаи астрономии Санглоҳи Институти астрофизикаи АМИТ, омӯзиши муштараки ҷирмҳои дар мадори назди заминӣ ҳаракаткунанда, ки ба замин таҳдид мекунанд,  омӯзиш ва таҳқиқи партовҳои сунъии кайҳонӣ, мониторинги доимии пиряхҳои Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои системаи кайҳонии КД «Роскосмос», омода ва фиристодани қисмати модулҳои (начинкаҳои) электронии АМИТ ба кайҳон тавассути имконоти моҳвораҳои КД «Роскосмос», тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои АМИТ дар муассисаҳои таълимии зерсохтори КД «Роскосмос»  ва дигар масъалаҳо зимни мулоқоти кории президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ бо директори генералии КД «Роскосмос» Дмитрий Рогозин, ки 12 август дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар рафти мулоқот аҳамияти эҷоди заминаи меъёрии ҳуқуқии заруриро барои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кайҳонӣ зарур шумориданд.

Дар ҷаласаи корӣ директори генералии системаҳои кайҳонии Русия Андрей Тюлин, директори генералии «Главкосмос» Дмитрий Лоскутов, муовини директори генералии «TERRA TECH» Максим Болтачев ва мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Шараф Раҳимов иштирок доштанд.

Дар ҷараёни вохӯри таъкид гардид, ки ҳамкории тарафайн дарозмуддат хоҳад буд. Дар марҳилаи аввал афзалият ба таълими кадрҳо ва таъсиси модули гирифтани тасвирҳои моҳвораӣ (ба мо имкон медиҳад, ки  зуд тасвирҳои хушсифати тамоми ҳудуди Тоҷикистонро дар режими онлайн дастрас намоем) дода мешавад.

Ҷонибҳо зикр намуданд, ки он тавофуқҳое, ки дар ҷараёни мулоқот ҳосил гардида, як қадами муҳим дар густариши ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон хоҳанд буд ва ба таври ҳамаҷониба ба рушди шарикии мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бахшҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим мусоидат хоҳанд кард.

Истифодаи технологияҳои назорати фосилавии Замин ба манфиати рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ шуда, айни замон яке аз самтҳои афзалиятнок, таъхирнопазир ва муҳимтарини таҳқиқоти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ҳисобида мешавад.

Зикр шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи олимони тоҷик ва рус дар самти истифодаи имкониятҳо ва иқтидори илмии кишварҳо, натиҷаҳои фаъолияти муштарак дар самти омӯзиши кайҳон барои рушд ва пешрафти илму технология, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ шуда, қадами устуворе дар роҳи таҳкими шарикии боэътимод байни ин ду ташкилоти бонуфуз ва мусоидат ба ташаккули модели муассир ва лоиҳаи ҳамкории минбаъда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия хоҳад гардид.

 

Акс: АМИТ

Август 13, 2021 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд