Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Август 31, 2021 18:30

ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 “Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ҳисоботи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизмҳои амалишавии сиёсати давлатиро дар омода кардани кадрҳои соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр муайян менамояд. Барнома низоми ягонаи тайёр кардани мутахассисони соҳа, ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани самаранокии таҳсилот дар соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашр ва тақвияти заминаи моддию техникӣ ва илмию методии муассисаҳои таълимиро ба роҳ мемонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати фарҳанг ва идораҳои дахлдор барои татбиқи босамари барномаи давлатӣ ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар тибқи талаботи кадрӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои фарҳангу санъат ва табъу нашр бо баргузор кардани семинар-тренингҳо, барои таъсиси лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма, маркази электронии “Санъати мусиқии тоҷик” ва таъмини он бо таҷҳизоти зарурӣ, дастуру супоришҳо доданд.

Сипас, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлис Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Барномаи давлатии рушди минбаъдаи мамнӯъгоҳи табиии давлатии “Дашти Ҷум” барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ ва Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат барои солҳои 2021-2023, ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо амалисозии барномаҳои давлатии дар маҷлис баррасишударо пурра ва босифат таъмин намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Ҳукумати мамлакат ва маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ супоришҳо доданд.

Дастурҳои дигар вобаста ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимистонгузаронӣ, захира намудани маводи ғизоӣ, оғози соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, гузаронидани Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ҳисси милливу худшиносӣ, дода шуд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31.08.2021

Август 31, 2021 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол
Суханронии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати нахустин Рӯзи ҷаҳонии футбол
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ «Акиа Авесто автоматив индастри» шинос шуданд