Маҳмадтоир Зокирзода дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Эрон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, дар баробари намояндагони воломақоми кишварҳои дунё иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки маросими савгандёдкунии ҳаштумин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар ҳузури 265 меҳмон аз 115 кишвар баргузор шуд.
Президенти тозаинтихоб савганд хӯрд, ки нигаҳбони Конститутсия ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд ва барои ҳалли мушкилоти мардум саъй мекунад.
Дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Алҷазоир Эймен бин Абдурраҳмон, Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин, сарони парлумонҳои Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва Нигерия, инчунин вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Уммон, Кувайт ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.
АКС аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






