Маркази миллии тестӣ: Натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон дар ИМД дар соли 2021 эълон гардиданд

Август 18, 2021 14:05

ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.   18 август натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 эълон гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар озмуни тақсимоти такрорӣ шахсони зерин:  довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштанд  ва довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсим шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил кардан надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, иштирок намуданд.

Маркази милли тестӣ барои ҳар довталабе, ки ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз нав худро сабти ном кардааст, дар заминаи сомонаи Марказ кабинети инфиродии нав кушодааст. Кабинетҳои инфиродии довталабон низ 18 август фаъол карда шуданд. Вобаста ба комёб шудан ё нашудани довталаб дар тақсимоти такрорӣ ба ӯ тавассути паёмак (SMS) фиристода шуд.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз  22 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ё комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида муроҷиат карда натавонистан  бояд дар ин хусус роҳбарияти муассисаи мазкурро тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

Дар сурати то 22 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накардан ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.

Ёдовар мешавем, ки довталабон метавонанд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ: office@ntc.tj  пешниҳод намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Август 18, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд