«Нақши истиқлол дар рушди давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид

Август 30, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бино ва сохтори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дастоварди замони истиқлол буда, дар ин махзани илму маърифат сарчашмаҳои вобаста ба давлатдории навини замони истиқлоли тоҷикон дар самтҳои гуногун мутобиқи талаботи китобдорӣ гирдоварӣ, табақабандӣ ва нигоҳдорӣ мешаванд, ки дар иҷрои ин кор Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муҳим дорад. Тибқи маълумот, танҳо дар заминаи гирдоварии маводи чопиву электронӣ фаъолияти давлатдории Президенти Тоҷикистон дар зарфи як соли охир ба 24 шоха ва 33 самт тақсимбандӣ гардида, фаъолият дар ин ҷода ҷараён дорад.  

Ин нуктаро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илми педагогика, профессор Ҷумахон Файзализода зимни ҳамоише, ки имрӯз, 30 август бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи китоб таҳти унвони «Нақши истиқлол дар рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид,  баён дошт.

Зикр гардид, ки “Тоҷикистон тайи 30 сол аст, ки дар партави хуршеди истиқлоли давлатӣ нурафшону шукуфон аст. Дар ин сӣ сол давлат ва миллати пояндаи тоҷикон иқтидору имконот ва дастовардҳои гуногунро ноил гардиданд. Симои воқеии ин сарзамини кӯҳсору офтобӣ ҳамарӯза тавассути садову симо муаррифӣ ва намоиш дода мешавад. Сӣ соли истиқлол дар саҳифаи таърихи давлатдории миллии тоҷику тоҷикистонӣ пас аз гузашти чандин солҳо аз нав бо тартибу услуби ба худ хос сабт гардидааст. Ва ин ҳама дастовардҳои гуногуни созандаву поянда маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина амалӣ гардида истодаанд”.

Дар ҳамоиш Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ зикр намуд, ки “истиқлоли давлатӣ омилест, ки ба давлат имкон медиҳад вазифаҳои худро мустақилона ба анҷом расонад. Ин вазифаҳо ба дохилӣ (сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва мудофиа) ва хориҷӣ тақсим мешаванд. Истиқлол ба мафҳуми озодӣ ҳам пайвастагии зиёд дорад. Озодӣ дар илми ахлоқ ҳамчун неъмати бузургтарин маҳсуб аст, ки ба инсон табиатан ато шудааст. Аз ин рӯ истиқлолро низ ҳамчун неъмат ва арзиши табиӣ барои инсон ва давлат ҳисобидан имкон дорад. Тавассути чунин фаҳмиши истиқлол интихоби онро аз миёни чандин роҳҳои дигари сарнавишти сиёсӣ дар даҳсолаи охири садаи ХХ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили асосии бақои миллати тоҷик шумурдаанд: “Бақои миллат ва иқтидори давлат аз тавоноии истиқлол вобаста буда, дарки ҳамин нуктаи олӣ миллати бостонии моро аз пошхӯрӣ эмин дошт”.

Ба андешаи Хуршед Зиёӣ, истиқлол ва сиёсати истиқлолхоҳии Пешвои муаззами миллат имкон доданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик баъди садсолаҳо дар охири қарни ХХ ва ибтидои асри нави ХХI дубора соҳиби давлати миллии хеш гардад ва роҳи бунёди давлатдории миллиро пеш гирифта, дар зарфи сӣ соли охир пояҳои мустаҳками онро побарҷо созад.

Дар ҳамоиш, ки зери унвони «Нақши истиқлол дар рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид, масъулон аз Китобхонаи миллӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои “Бунёди давлати дунявӣ чун дастоварди даврони истиқлоли давлатӣ”, “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими истиқлоли миллӣ” маърӯза намуда, оид ба дастовардҳои замони истиқлол, нақши ваҳдати миллӣ, санаҳои муҳими таърихи давлатдории миллии тоҷикон, саҳми Президенти кишвар дар рушди Тоҷикистон ва самтҳои гуногуни давлатдорӣ дар замони истиқлол изҳори андеша намуданд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Акс аз муаллиф

Август 30, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд