ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад

Август 11, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 11.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тайғирёбанда мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва  рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 3+8 ва рӯзона  17+22  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13  дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  камабри  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24  ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона  30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабр дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  19+21  ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Август 11, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд