ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Рӯзҳои 13 ва 16 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии мамлакат сар задани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест

Август 14, 2021 10:27

ДУШАНБЕ, 14.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 13 ва 16 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ин бора  аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои 15 ва 16 август дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад.  Дар ин рӯзҳо дар ҷануби мамлакат ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ суръати вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои истироҳати 14 ва 15 август рӯзона ҳаво то 33-35 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Инчуни дар ноҳияиҳои тобеи марказ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзи 14 август дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Дар оғози ҳафтаи пешомада яъне рӯзи 16 август ҳарорат назар ба ҳафтаи гузашта пастар пешгӯй гардидааст.

 

АКС аз бойгонӣ

Август 14, 2021 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад