Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 14.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 август мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (CҲИ) Ҳодии Сулаймонпур баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот Сафири Тоҷикистон номаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳодии Сулаймонпур, ки маъмурияташ дар вазифаи Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ 15 августи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад, супорид. Дар нома Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Ҳодии Сулаймонпурро дар вазифаи мазкур пурсамар арзёбӣ намуда, ба ӯ дар фаъолиятҳои минбаъдааш муваффақиятҳои беш аз пеш орзу намудааст.
Ҳодии Сулаймонпур барои тақдир аз фаъолиятҳои ӯ дар вазифаи Дабири кулли СҲИ изҳори сипос намуда, аз Сафир хоҳиш кард, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон табрикот ва таманниёти ӯро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон расонад.
Ҳамзамон Ҳодии Сулаймонпур ба Сафири Тоҷикистон Тасдиқномаи пойтахти сайёҳии СҲИ эълон гардидани шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 — 2021-ро ҷиҳати таҳвил ба шаҳрдории Душанбе супорида, ба ин шаҳри зебову дилоро сарсабзиву шукуфоии рӯзафзунро орзу намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд






