ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ. Шарҳи ҳафт марҳилаи раванди соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби коршинос

Август 28, 2021 14:41

ДУШАНБЕ, 28.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари воҳид дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мавқеи устувор пайдо намуда, имсол 30-солагии истиқлоли хешро бо дастовардҳои бузург, ки ба таҳкими пояҳои соҳибистиқлолӣ заминаи устувор мебахшанд, ҷашн мегирад. Расидан ба истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ва мустақилона шурӯъ намудан ба давлатдории миллӣ дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта марҳилаи мураккаб ва сангине ба бор овард, ки мардуми шарифи кишвар барои паси сар намудани он бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш иброз намудаанд, «неъмати истиқлол ба мо гарон афтод».

Бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои истиқболи соҳибистиқлолӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, оштии миллӣ, бунёди  давлатдории миллӣ, тарҳи сиёсати хориҷӣ ва мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, муайян намудани нақшаҳои рушди стратегии кишварро паси сар намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ қадамҳои устувор гузошт,- мегӯяд ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Амид КОМИЛБЕК. Дар зер муаллиф шарҳи ҳафт марҳилаи раванди соҳибистиқлолии Тоҷикистонро манзур намудааст.

-Бояд гуфт, ҳар яке аз ин  марҳилаҳо хусусият ва хосияти ҷудогонаи худро дошта, дар бунёди давлати миллӣ ва ба истиқлоли комил расидани Тоҷикистон нақши бузург доранд.

Таҳлили марҳилаҳои мазкур аз нуқтаи назари сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар шароити кунунӣ фурсати муносиб ба ҳисоб рафта, барои рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллии Тоҷикистон аҳамияти бузургро соҳиб аст.

  • Марҳилаи соҳибистиқлолӣ — раванди истиқлол дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гардид, вале бо сабабҳои гуногун вазъи сиёсӣ дар кишвар мураккаб гардида, оқибат ба бархӯрди мусаллаҳонаи дохилӣ рӯ ба рӯ гардид. Раванди истиқлолро аҳли эҷоду равшанфикрон ҳанӯз аз охири солҳои 80-ум бесаброна интизор буданд ва дар маҳфилҳо дар бораи он ақидаҳо баён менамуданд. Баъди қабули Эъломияи истиқол ваъзи сиёсӣ дар кишвар мураккаб гардид, ки аз он гурӯҳҳои минфиатхоҳ истифода бурда, оммаи мардумро бо шиорҳои гуногун ба ошӯб даъват намуданд, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт.
  • Марҳилаи ҷанги шаҳрвандӣ – низои сиёсии Тоҷикистон дар қаламрави собиқ кишварҳои шӯравӣ яке аз ҷангҳои бесобиқа арзёбӣ мегардад. Талафоти зиёди шарҳрвандон дар муддати кӯтоҳ ва хисороти бузурги иқтисодӣ ба давлати тозаистиқоли мо натиҷаи он буду халос. Ин иқтисодиёти мамлакатро даҳсолаҳо ба қафо партофт, ки ба раванди бунёди давлатдории миллӣ таъсири калон расонид.
  • Марҳалаи оштии миллӣ ва барқароркунии сулҳу ваҳдат дар кишвар яке аз марҳалаҳои ҳассос ва нозуки таърихӣ барои мардуми азизи Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ба имзо расондани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи оламшумул буда, барои ҳифзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аҳамияти бунёдӣ дорад.
  • Бунёди давлатдории миллӣ – низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди истиқлоли давлатӣ марҳилаи гузаришро паси сар намуд, ки солҳои 1991-1994, яъне то қабули конститутсияи навро дар бар мегирад. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ иброз намудаанд, ки баъди эълони истиқлол то даъвати Иҷлосияи таърихии Хуҷанд як солу ду моҳ сипарӣ гардид, ки давлати тозаистиқлол Парчами миллӣ, Нишон ва Суруди миллӣ, ки аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ба ҳисоб мераванд надошт, то ки дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шавад. Конститутсияи соли 1994 низоми сиёсӣ ва идоракунии давлатиро муайян намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуд. Маҳз бо интихоби чунин тарҳи идоракунии давлатӣ мо тавонистем бо ҷомеаи ҷаҳонӣ равобити хуби дипломатӣ барқарор намуда, дар муддати кӯтоҳ мавқеи кишварро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардорем.
  • Марҳилаи ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ – баъди аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди давлат масъалаи муайян намудани самти сиёсати хориҷии кишвар пеш омад, ки яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт. Самти сиёсати хориҷии давлат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо принсипи «дарҳои боз» тарҳрезӣ шуда, бо кишварҳои ҷаҳон ҳамкории судманди мутақобила ба роҳ монда шуданд. Дар айни замон бо зиёда аз 178 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ ва чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории судманд идома дорад. Ташаббусҳои байналмилалӣ, иштироки фаъоли варзишгарон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар намоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз болоравии мавқеи кишвар дар ҷаҳон гувоҳӣ медиҳанд.
  • Дарёфт ва коркарду банақшагирии рушди стратегӣ аз самтҳои дигари марҳилаи рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин росто дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор масъала ба сифати самтҳо ва ҳадафҳои стратегии рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ гардидаанд. Инҳо, пеш аз ҳама, баромадани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мебошанд.
  • Рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалӣ гардидани нақшаву стратегияҳои миёнамуҳлат марҳила ба марҳила таъмин шуда истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар аллакай бунёди чандин иншооти муҳимми стратегӣ ба анҷом расид. Пеш аз ҳама, инҳо роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи-Хумб-Хоруғ-Қулма ва Душанбе-Айнӣ-Бустон-Чаноқ мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвари воҳид табдил дод. Дар маҷмӯъ зиёда аз 3000 км роҳ, 30 км нақб ва 90 км роҳи оҳан дар кишвар бунёд гардид. Бунёди иншооти нави хурду бузурги гидроэнергетикӣ дар кишвар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин намуд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардид, ки аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд. Ҳамчунин ба истифода додани ду агрегати НБО-и «Роғун» ва пурра ба истифода додани он дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои калонтарини содиркунандаи неруи барқ дар минтақа табдил хоҳад дод. Расидан ба истиқлоли энергетикӣ заминаи мусоид барои саноатикунонии кишвар фароҳам овард. Агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда бошад, танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд. Таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи таҳлилҳо, рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст ва дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад.

Ҳамин тариқ, давоми 30-соли истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи марҳила ба марҳила амалигардони ҳадафҳои стратегӣ ва рушди устувори ҷумҳурӣ, дастовардҳои назаррас дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ ба даст омадаанд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «…бо дарназардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад. Пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосири инноватсионӣ баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр ҳам муҳим ва рӯзмарра мебошад…»

Август 28, 2021 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст