Тоҷикистон ва Олмон аз мубаддал гардидани Афғонистон ба пойгоҳ барои омода намудани террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ намуданд

Август 31, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 август  дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва   Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас  нишасти матбуотӣ доир гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҷонибҳо мавзӯъҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар меҳвари гуфтугӯ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъ дар Афғонистон, ки имрӯз пурпечутоб ва пешгӯинашаванда мебошад, қарор гирифт.

Дар нишасти мазкур вазирони ду давлат бо изҳори нигаронии худ оид ба ҳолати душвор дар Афғонистон пайомадҳои эҳтимолии амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии онро баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки таъсиси Ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ яке аз омилҳоест, ки ба истиқрори вазъ дар Афғонистон мусоидат мекунад. Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки ягон ҳукумати дигарро, ки бо роҳи зӯроварӣ ва таҳмил барпо карда мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Сироҷиддин Муҳриддин тазаккур дод, ки бо дарназардошти таҳдиди бевоситаи ҳолати кунунии Афғонистон ба кишварҳои минтақа, Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ бо Олмон дар масоили таъмини вазъи амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳи хос дорад.

«Мо омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои созанда ва гуманитарии Олмон изҳор намудем. Зикр кардем, ки  барои таҳкими марз ва бартарафсозии пайомадҳои манфии нооромӣ дар кишвари ҳамсоя, офатҳои табиӣ ва COVID-19 Тоҷикистон ба дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла Олмон ниёз дорад»,-афзуд ӯ.

Дар нишаст аз ҷумла ҷонибҳо аз эҳтимоли мубаддал гардидани Афғонистон ба  пойгоҳ барои омода намудани террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Инчунин изҳор гардид, ки ду кишвар дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ мавқеи ҳамсон доранд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамзамон таъкид кард, ки “барои Тоҷикистон Олмон яке аз шарикони муҳим ва боэътимод дар Аврупо буда, мо барои  густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар масъалаҳои дорои аҳамияти дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори омодагӣ кардем. Дар ин робита мо аҳамият ва нақши абзорҳои мавҷудаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла машваратҳои сиёсиро байни Тоҷикистону Олмон, инчунин ҳамкорӣ дар доираи “Осиёи Марказии сабз” ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказиро таъкид намудем”.

Дар охир иброз карда шуд, ки терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун таҳдиди аввалиндараҷа ба сулҳу субот дар минтақаҳои мо боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, мо омодаем бо Олмон барои мубориза ва пешгирии ин зуҳурот ҳамкорӣ кунем.

Бо таъкид ба зарурати таҳкими пояи ҳуқуқӣ таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният барои имзо омода мебошад.

Ҳамин гуна мо аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, идома ва тавсеаи ҳамкории минбаъдаро муҳим мешуморем.

АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Август 31, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд