Тоҷикистон ва Русия Созишнома оид ба татбиқи мутақобилаи низоми электронии сертификатсияи истеҳсолии мол ба имзо мерасонанд

Август 30, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик миёни Тоҷикистон ва Русия Созишнома оид ба татбиқи мутақобилаи низоми электронии сертификатсияи истеҳсолии мол ба имзо расад.

Ин матлаб зимни мулоқоти муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков дар Душанбе баррасӣ  гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти гумруки кишвар.

Ба имзо расонидани санади   мазкур дар оянда аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия талош доранд барои  шарикони тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам оранд.

Зикр шуд, ки бо мақсади баррасии механизми роҳандозии он моҳи марти соли  равон бо иштироки масъулини намояндагии Хадамоти федералии гумруки Русия дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронида шуда буд.

Иброз дошта шуд, ки гардиши тиҷорат миёни ду кишвар, новобаста аз хуруҷи бемории сироятии COVID-19 солҳои охир ба тадриҷ афзудааст. Ҳамкории судманд миёни ду давлат далели рушди собитқадамона ва таҳкими муносибатҳои шарикии байни Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ гардида, бо мақсади боз ҳам таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкории судманд дар пешбурди тиҷорати миёни ҳамдигарӣ Намояндагии мақомоти гумруки Тоҷикистон дар Русия ва Русия дар Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки аз таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбарони давлатҳо дар пешбурди фаъолияти гумрукӣ шаҳодат медиҳад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҳамкории мутақобилан судмандро миёни Намояндагии Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият диҳанд ва барои рафъи масъалаҳое, ки ба гардиши тиҷорат миёни ду кишвар монеа мешаванд, тадбир андешанд.

Федератсияи Русия  шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, ҳиссаи он дар тавозуни савдои Тоҷикистон назаррас аст. Ташкили чунин вохӯриҳо ба рушди ҳамкории шарикӣ такони ҷиддӣ бахшида, зимни онҳо механизми суръатбахшии раванди иҷрои қарордодҳои басташуда миёни ду давлат муайян мегардад.

  АКС аз Хадамоти гумрук

Август 30, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад