Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон сазовори 9 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба қисмати финалӣ расид. Шоми 29 август муҳорибаҳои қисмати финалӣ миёни наврасон сурат гирифтанд, ки дар ин қисмат варзишгари мо – Руслан Ғафуров дар вазни -50кг иштирок кард, вале аз ҳарифи узбекистониаш Ҳоҷиакбар Маҳмудов мағлуб ва сазовори медали нуқра гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо такя ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.
Ҳашт варзишгари дигар – Анушервон Файзов (-46кг), Бузургмеҳр Иксанов (-52кг), Шаҳбоз Додоҷонов (-57кг), Муҳаммад Ҷаборов (-63кг), Юсуф Фозилов (-70кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-80кг), Бибиҷон Музаффарова (-54кг) дар қисмати нимфинал аз ҳарифонашон мағлуб гардида, сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд. Шумораи иштирокчиёни наврас 152 нафарро ташкил медиҳад, миёни ҷавонон 141 нафар ширкат доранд. Шумораи умумии иштирокчиёни Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Дубай 293 нафар, аз ҷумла 84 духтарро аз 15 давлат ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи бокси Осиё, аввалин маротиба аст, ки чемпионат миёни наврасон ва ҷавонон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Ҳамчунин бори аввал дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ва наврасон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим гардид.
Ҳамин тариқ, миёни наврасон барандагони медали тилло 4000 доллари ИМА, медали нуқра 2000 доллар ва медали биринҷӣ 1000 доллари ИМА мукофотпулӣ гирифтанд.
Миёни наврасон варзишгарони Узбекистон 9 медали тилло, 7 нуқра, 6 биринҷӣ ба даст оварданд. Варзишгарони Қазоқистон 8 медали тилло, 9 нуқра, 8 биринҷӣ гирифтанд, Ҳиндустон медали 8 тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ, Эрон 1 медали тилло, 2 биринҷиро сазовор гардиданд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






