Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор аст ва ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон даъват мекунад»
ДУШАНБЕ, 17.09.2021 / АМИТ «Ховар» /. «Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор аст ва ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон даъват мекунад. Ҷорӣ кардани ҳама гуна низоми сиёсӣ дар Кобул бе назардошти афкори мардум метавонад боиси оқибатҳои пешгӯинашаванда гардад», — иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус СММ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх даъват карданд, ки ба Афғонистон ва аҳолии вилояти Панҷшер, ки давоми ду моҳ дар муҳосираи пурра қарор доранд, кумаки фаврӣ намоянд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи амният сухан ронда, зикр доштанд, ки «терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ ҳамчун таҳдидҳои асосии амният дар фазои СҲШ боқӣ мемонанд».
Ёдовар мешавем, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (онлайн) ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок доранд.
Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






