АҲМАД МАСЪУД ҲАМРОҲОНАШРО ТАРК НАКАРДААСТ. Маълум шуд, ки ҳоло ӯ дар куҷост

Сентябрь 13, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 13.09.2021/АМИТ «Ховар»/. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММА) Аҳмад Масъуд аз қаламрави кишвараш берун нарафтааст. Дар ин бора хабаргузории «Форс» бо истинод ба Қосим Муҳаммадӣ, манбаи наздик ба фармондеҳи артиш хабар дод.

Қосим Муҳаммадӣ овозаҳо дар бораи тарки Афғонистон кардани Масъудро бепоя хонд.

«Вай (Аҳмад Масъуд. – Тавз. АМИТ «Ховар») бо дараи Панҷшер дар тамос аст», — таъкид кард мусоҳиби  хабаргузории «Форс».

Бино ба гуфти Муҳаммадӣ,  феълан ҷангиёни Толибон* тақрибан 70 дарсади кӯчаҳо ва ағбаҳои асосии вилояти Афғонистонро таҳти назорат доранд. Аммо водиҳои кӯҳии Панҷшер дар зери назорати комили нерӯҳои миллӣ боқӣ мемонанд.

«Пас аз вуруди Толибон* ба Панҷшер, ҳавопаймоҳои Покистон ба кумаки онҳо омада, муҳосираро шикастанд ва ҳатто шабона ҳуҷум мекарданд», — гуфт намояндаи ҶММА.

Ба гуфти ӯ, ҷанги феълӣ дар Афғонистон аз ҷониби Қатар ва Покистон сарпарастӣ мешавад ва онҳо аз ҷиҳати молиявӣ аз ҷангҷӯён пуштибонӣ мекунанд.

Муҳаммадӣ изҳори умедворӣ кард, ки «кишварҳои минтақа ва ҷаҳон инро дарк хоҳанд кард».

Ёдовар мешавем, ки бинобар ҷангҳо дар Панҷшер буҳрон оғоз ёфт. Сокинони вилоят  дар талоши онанд, ки ҳарчӣ зудтар минтақаро тарк кунанд.

Хотиррасон мешавем, ки қаблан  тарафҳои даргир дар бораи оташбаси муваққатӣ аз 9 то 12 сентябр ба мувофиқа расиданд.

___________________________

* Толибон — созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ эълон шудааст.

                                                                                 АКС: Instagram 

Сентябрь 13, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд