ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳринав коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхона ва марказҳои хизматрасонию омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба истифода дода шуданд

Сентябрь 9, 2021 09:08

ШАҲРИНАВ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ба муносибати ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои Селбури 1,  Роҳи нав, Элок,  Боғистон, Ҳаёти нав  ва маҳаллаи Ҳосилоти ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол, Акрам Ҳасанов,  Чуст ва М.Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав 2 коргоҳи  дӯзандагӣ, маркази омӯзиши забонҳо,  маркази хизматрасонӣ, мағозаи молҳои сохтмонӣ ва мавриди ниёзи аввал, нонвойхона ва сартарошхона мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти ҷашнӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода ва раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода иштирок намуда, сокинони ин деҳаҳоро ба муносибати ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Зикр шуд, ки вусъат гирифтани раванди созандагӣ  нишонаи возеҳи боло рафтани ҳисси  ватандӯстӣ   миёни аҳли ҷомеа мебошад.  Зеро дар ин раванд шаҳрвандони кишвар  сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Мардуми меҳнатқарини кишвар  барои беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори деҳот ёрии амалӣ расонида, дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмири роҳу пулҳо ва дигар корҳои ободонӣ ҳиссаи сазовор  доранд.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Сентябрь 9, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд