Абдулло Раҳмонзода: Сарони давлатҳои СҲШ ҳамеша мекӯшанд, то ҷавонон аз ҳар гуна амалҳои террористӣ дур бошанд
ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, Шӯрои ҷавонони СҲШ ва 20 – солагии СҲШ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он аъзои қисмҳои миллии Шӯрои ҷавонони СҲШ ширкат доштанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар”.
Ҷаласаро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, раиси Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 Абдулло Раҳмонзода оғоз бахшида, оид ба фаъолияти Шӯро ва нақши он дар амалисозии ҳадафҳои СҲШ сухан гуфт.
Мавсуф иброз дошт, ки “сарони давлатҳои СҲШ ҳамеша мекӯшанд, ки ҷавонон аз ҳар гуна созмонҳои террористӣ ва ҳаракатҳои ифротгаро дур бошанд. Бо назардошти таҳдидҳои афзояндаи дар боло зикршуда тақвият додани ҳамкории бисёрҷониба бо мақсади пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои харобиовар зарур аст. Мақсади асосии мо низ ҳамин аст, ки ҷавононро ба роҳи рост равона намоем”.
Дар ҷаласа аъзои шӯро аз кишварҳои Чин, Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Покистон ва Қирғизистон фосилавӣ сухан гуфта, мавқеи ҳадафҳои шӯроро дар таҳкими густариши муносибатҳо дар самти кор бо ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай муайян намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти минбаъдаи Шӯрои ҷавонони СҲШ қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, санад тартиб дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соли 2021 раисии се шӯро- Шӯрои кор бо ҷавонони СҲШ, Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ ва Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ- ро ба уҳда дорад.
АКС: аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш








Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад






