Ашрафҷон Гулов, Сафири ҶТ дар Туркия: «Тоҷикистон омода аст дар СҲШ нақши фаъол дошта бошад»

Сентябрь 14, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон омода аст барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳо дар доираи тадбирҳои эътимодбахшӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона ва дигар соҳаҳо дар дохили Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) саҳм гузорад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар остонаи саммити сарони давлатҳои узви СҲШ, ки 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор мегардад, Сафири Тоҷикистон дар Анқара Ашрафҷон Гулов ба Агентии иттилоотии «Анадолу» (Туркия) изҳори назар намуд.

Сафир ёдовар шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муассисони СҲШ мебошанд.

«Рост омадани 20-солагии таъсиси СҲШ ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон рамзист. Тоҷикистон моҳи сентябр солгарди ду рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва таърихиро ҷашн мегирад”, — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Гулов, СҲШ барои Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.

«Дар ин замина, мо мехоҳем таъкид намоем, Тоҷикистон ҳамчун яке аз аъзои муассисони СҲШ дар ин сохтор зарфияти бузургро мебинад, ки метавонанд сатҳи ҳамкории минтақавиро ба таври назаррас баланд бардоранд. Мавриди зикр аст, ки 20-умин солгарди таъсиси СҲШ ба давраи раёсати Тоҷикистон дар ин созмон рост омад. Мо боварӣ дорем, ки давлати мо қодир аст бо дигар кишварҳои узви СҲШ ба хотири рушди устувор ва некӯаҳволии мардуми минтақаи СҲШ бомуваффақият ҳамкорӣ кунад. Ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай вазифаи рушд ва таҳкими минбаъдаи муколамаи созанда байни ҷонибҳоро вогузор мекунад», — изҳор дошт дипломати тоҷик.

А.Гулов зикр намуд, ки СҲШ аз замони таъсис ба раванди низомию сиёсии Афғонистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекард. «Афғонистон ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии мушкилоти амниятӣ дар минтақаи СҲШ боқӣ мемонад», — афзуд ӯ.

«Ҳодисаҳо дар Афғонистон дар соли 2021 хусусияти дигар гирифтанд. Ҳақиқати буҳрони Афғонистон СҲШ-ро водор мекунад, ки тадбирҳои фаъолтар андешад. Дар ин замина, мо чунин мешуморем, вақти он расидааст, ки СҲШ дар робита ба вазъ дар Афғонистон тадбирҳои қатъӣ андешад. Бисёре аз кишварҳои узви СҲШ, алалхусус онҳое, ки бо Афғонистон марзи мустақими давлатӣ доранд ва дорои иқтидор  ва захираҳои кофӣ ҳастанд, бояд дар ҳалли сиёсии буҳрони Афғонистон саҳми ҳалкунанда гузоранд», — афзуд Гулов.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон омода аст дар раванди созанда нақши фаъол дошта бошад ва барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳо дар доираи тадбирҳои боэътимод дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона ва дигар соҳаҳо дар дохили СҲШ саҳм гузорад.

«Бо итминони комил метавон гуфт, ки саммити Душанбе дар солгарди таъсиси СҲШ ҳамкориро дар ҳама соҳаҳо боз ҳам густариш медиҳад. Илова бар ин, бояд зикр кард, ки ин саммит ба рушди минбаъдаи фаъолияти бисёрҷонибаи Созмон, баланд бардоштани нақш ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард», — таъкид кард Гулов.

СҲШ — созмони байналмилалиест, ки соли 1996 аз ҷониби роҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо номи “Панҷгонаи Шанхай” таъсис ёфт. Соли 2001 Узбекистон ба ин сохтор шомил шуд ва он ба Созмони ҳамкории Шанхай табдили ном кард. Саммитҳои солонаи “Панҷгонаи Шанхай” дар Москва (1997), Алмаато (1998), Бишкек (1999) ва Душанбе (2000) баргузор шуданд.

Дар айни замон СҲШ ҳашт кишварро дар бар мегирад. Ҳадафи ин созмон таҳкими ҳамкории мутақобила ва эътимодбахши кишварҳои узв дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, маориф ва ғайра мебошад.

Дар саммити Душанбе дар соли 2008 як механизми нав бо номи “Мақоми шарики муколамаи СҲШ” бо мақсади фароҳам овардани заминаи институтсионалӣ барои муносибат бо кишварҳои сеюм ва созмонҳои байналмилалӣ, ки мехоҳанд бо ин созмон тамос гиранд ва дар мақоми нозир нестанд, таъсис дода шуд.

Туркия мақоми шарики муколамаи СҲШ-ро дар саммити ин созмон, ки 6-7 июни соли 2012 дар Пекин баргузор шуд, ба даст овард.

                                                      АКС: скриншот

Сентябрь 14, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд