БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН! Дар осмони шабонаи Душанбе аксу нури ҷаззоби 500 дастгоҳи парвозкунанда намоиш дода шуд

Сентябрь 10, 2021 12:27

ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Тоҷикистон дар ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дронҳо намоиш дода шуданд. Ҳангоми таҷлили идона дар Маҷмааи давлатии «Наврӯзгоҳ» шаби гузашта тақрибан 500 дрон ҷалб карда шуда, дар осмони пойтахт 9 унсурро нишон доданд.

Намоишро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ ба саҳна гузоштанд. Дар осмони шабонаи Душанбе намоиши фановариҳои баланд намоиш дода шуд, ки дар он тақрибан 500 дастгоҳи бидуни сарнишин ширкат доштанд.

Ҳамин тавр, бо ёрии онҳо рамзҳои Тоҷикистон тасвир карда шуданд: харитаи кишвар, нишони миллӣ, тоҷи нимдоира аз ҳафт ситора, дил — рамзи муҳаббат бо рангҳои парчами миллӣ, обидаи «Истиқлолият ва Озодӣ», инчунин навиштаҷоти «Истиқлолият муборак бод!» бо имзои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ба мо хабар доданд, имрӯз соати 19:00 дар наздикии майдони Нишони миллӣ инчунин консерти идона ва намоиши 12-дақиқагии дронҳо  баргузор мешавад, ки беш аз 13 унсури навро нишон медиҳанд.

АКСҲО: Алишер Примқулов, Дидор Саъдуллоев

Сентябрь 10, 2021 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад