БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН! Дар осмони шабонаи Душанбе аксу нури ҷаззоби 500 дастгоҳи парвозкунанда намоиш дода шуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Тоҷикистон дар ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дронҳо намоиш дода шуданд. Ҳангоми таҷлили идона дар Маҷмааи давлатии «Наврӯзгоҳ» шаби гузашта тақрибан 500 дрон ҷалб карда шуда, дар осмони пойтахт 9 унсурро нишон доданд.
Намоишро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ширкати чинӣ ба саҳна гузоштанд. Дар осмони шабонаи Душанбе намоиши фановариҳои баланд намоиш дода шуд, ки дар он тақрибан 500 дастгоҳи бидуни сарнишин ширкат доштанд.
Ҳамин тавр, бо ёрии онҳо рамзҳои Тоҷикистон тасвир карда шуданд: харитаи кишвар, нишони миллӣ, тоҷи нимдоира аз ҳафт ситора, дил — рамзи муҳаббат бо рангҳои парчами миллӣ, обидаи «Истиқлолият ва Озодӣ», инчунин навиштаҷоти «Истиқлолият муборак бод!» бо имзои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ба мо хабар доданд, имрӯз соати 19:00 дар наздикии майдони Нишони миллӣ инчунин консерти идона ва намоиши 12-дақиқагии дронҳо баргузор мешавад, ки беш аз 13 унсури навро нишон медиҳанд.
АКСҲО: Алишер Примқулов, Дидор Саъдуллоев












Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд






