Бозиҳои осиёии наврасон – Шантоу-2021 ба таъхир андохта шуданд

Сентябрь 12, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 12.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои олимпии Осиё, Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои осиёии наврасон – Шантоу-2021 ҷиҳати ба таъхир андохтани бозиҳо қарор қабул карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

3-юм Бозиҳои осиёии наврасон, ки 20-28 ноябри соли 2021 ба нақша гирифта шуда буд, бо як соли таъхир – 20-28 декабри соли 2022 баргузор хоҳад шуд.

Ин қарор дар пасманзари пандемияи COVID-19 қабул гардид, ки аксари кишварҳои минтақа ҳоло ҳам дар самти парвозҳои байналмилалӣ маҳдудият доранд ва вазъият дар баъзе кишварҳои қора, аз ҷумла Ҳиндустон, Эрон, Малайзия ваҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, ин сеюм чорабинии сатҳи қоравӣ аст, ки ба вақти дигар гузаронида мешаванд. Қаблан Бозиҳои соҳилии Осиё-2020 ва Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ-2021 бекор карда шуда буданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд