COVID-19. Дар Тоҷикистон 12 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Сентябрь 9, 2021 19:19

ДУШАНБЕ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 12 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 14 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 9 сентябр дар кишвар 17054 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16915 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 9, 2021 19:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад