Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рӯзи дониш таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок дошт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Раиси вилоят Раҷаббой Ахмадзода зикр намуд, ки таъсису тавсеаи фаъолияти муассисаҳои нави миёнаву олии таълимӣ, ба вуҷуд овардани низоми чандзинагии таълиму омӯзиш аз иқдомҳои наҷибест, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд. Дар саргаҳи дастуру супоришҳо, амру фармонҳои Сарвари давлат доир ба мактабу маориф ва илм аслан се масъалаи муҳим ва калидӣ — татбиқи якҷояи низоми мукаммали илму таълим ва тарбия қарор дорад.
Раиси вилоят аз нақши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар тарбияи кадрҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки таъмири кулливу ҷории биноҳои таълимии донишгоҳ, муҷаҳҳаз гардонидани 30 озмоишгоҳ, таҳкими пойгоҳи моддиву техникии донишгоҳ, таъсиси 15 ихтисоси наву замонавӣ ва дигар ташаббусҳои ободониву созандагии донишгоҳ аз муҳимтарин дастовардҳо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбанд.
Дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ назаррас буда, иштирок ва сазовор гардидани 109 нафар донишҷӯи донишгоҳ ба ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дониш талабу бузургӣ омӯз…» аз дастовардҳои донишгоҳ мебошанд, ки сазовори ҷойи якум шудани 50 нафар, ҷойи дуюмро гирифтани 28 нафар ва соҳиби мақомҳои сеюм гардидани 31 нафар далели ин гуфтаҳост.
АКС аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






