Дар Душанбе доир ба дастрасӣ ба Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо ҷаласа доир шуд

Сентябрь 21, 2021 16:07

ДУШАНБЕ, 21.09.21 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» доир ба дастрасӣ ба Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо ва истифодаи технологияҳои муосир барои табодули ҳуҷҷатҳои электронӣ дар самти содирот бо иштироки шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷаласаи корӣ баргузор  шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот.

Дар ҷаласа директори Агентии содирот Шавкат Бобозода доир ба тартиб ва қоидаҳои бақайдгирии содироткунандагон дар Низоми содироткунандагони мазкур маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо – ин тартиби сертификати пайдоиши мол буда, мутобиқи принсипи худсертификатсияи субъектҳои содироткунанда ба роҳ монда мешавад.

«Тибқи талаботи Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо (GSP) содироткунандагон баҳри гирифтани имтиёзҳо бояд дар низоми мазкур ба қайд гирифта шаванд. Низоми мазкур ба содагардонии расмиёти савдо такон бахшида, ба кам кардани хароҷоти вақт ва маблағҳои вобастаи амалиёти содиротии субъектҳои содироткунанда мусоидат менамояд. Барои ҷорӣ намудани низоми мазкур Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба Низоми содиркунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо аз 27 августи соли 2020 муайян карда шуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида сертификати гузариш ба низоми мазкур 1 декабри соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки ҷорӣ гардидани ин низом ба  содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои амалиёти содиротӣ мусоидат намуда, барои дастрасӣ пайдо намудан ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупо ва роҳ ёфтани субъектҳои соҳибкорӣ ба бозорҳои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо замина мегузорад»,-афзуд Шавкат Бобозода.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон пешбурди кори Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, содироткунандагон метавонанд аз имконияти низоми мазкур истифода намоянд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа дар баробари масъалаи асосӣ дигар масъалаҳои содиротӣ бо соҳибкорон муҳокима шуда, барои ҳавасмандгардонии намояндагони бахши хусусӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ба як гурӯҳ содироткунандагони ватанӣ Шаҳодатномаи рақами мушаххаси содироткунанда дар доираи низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо супорида шуд.

                 АКС: Агентии содирот

Сентябрь 21, 2021 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд