Дар Хива зарфияти сайёҳии экологии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Сентябрь 16, 2021 11:31

ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хиваи  Узбекистон  таҳти сарпарастии ЮНЕСКО Форуми байналмилалии фарҳангии «Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ» баргузор гардид, ки дар баробари дигар давлатҳои иштирокчӣ муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод низ дар он ширкат намуда, зарфияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд, хабар доданд аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар форум намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, назири   ЮНЕСКО, СҲШ, ИКОМОС, ICOMOS, IССROM, ТЮРКСОЙ, коршиносони кишварҳои ИДМ, Иттиҳоди Аврупо, коршиносони соҳаи мероси фарҳангии маҳаллӣ, илм, санъат ва дигарон иштирок намуданд.

Самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ барои Тоҷикистон сайёҳии  экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ба шумор мераванд.

Барои рушди ин навъҳои сайёҳӣ мавҷуд будани захираҳои бузурги онҳо дар ҷумҳурӣ имконият медиҳад. Қуллаҳои баланд, аз ҷумла қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр ва манзараҳои кӯҳистоне, ки дар онҷо чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ба рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳии мамлакат дар минтақа мусоидат менамоянд.

Ҳоло ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодаанд.  Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳати худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора аз се ё чор кишвари минтақа дидан намоянд.

Тарғиби дастовардҳои сайёҳӣ, маконҳои ҷолиби таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебову нотакрор ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ далели рушд ва густариши соҳаи сайёҳӣ дар баробари дигар соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Сентябрь 16, 2021 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад