Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маркази савдои «Би-1» ва мағозаи «Волна» ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази савдои «Би-1» ва мағозаи «Волна» ифтитоҳ гардиданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар маросими ифтитоҳи бинои нави марказ ва мағоза намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва меҳмонону сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Масоҳати умумии Маркази савдои “Волна” 1200 метри мураббаъ буда, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ҷойгир мебошад.
Зикр гардид, ки дар заминаи фаъолияти иншооти мазкур 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Директори генералии мағозаи “Волна” Далер Ҳакимов гуфт, ки “ман барои дастгирӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори миннатдорӣ менамоям, зеро барои соҳибкорон имконият фароҳам меоранд, то дар ҳар гӯшаи шаҳр чунин мағозаҳои муосир бунёд гарданд”.
— Мо низ дар баробари ин дастгириҳо кӯшиш мекунем, ки шароити хубтареро барои тамоми сокинони пойтахт фароҳам биёрем. Мақсади асосии мо таъмини аҳолии пойтахт бо ашёву таҷҳизоти брендӣ ва сифати баланд мебошад. Мехоҳем, ки дар ин маркази савдо, ки тоза ба фаъолият шуруъ намудааст, бо фаъолияти софдилона ба аҳолии ноҳия хизмат расонем,-иброз намуд директори генералӣ.
Дар ин бино ҳамзамон Маркази савдои Би-1 низ мавриди истифода қарор дода шуд.
Директори генералии ҶСП “Шивер Тоҷикистон” Филипп Марсийон дар суҳбат бо хабарнигорои АМИТ “Ховар” иброз намуд, ки “дар шаҳри Душанбе гипе рмаркети “Ашан” дорем ва мағозаи “Би-1” як шохаи дигари он мебошад. Масоҳати умумии маркази савдои “Би-1” 580 метри мураббаъ буда, дар он зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Мо ба харидорони худ хизмат мерасонем ва ин чорумин мағоза аст, ки дар пойтахт кушодем. Дар оянда ният дорем боз дар дигар ҷойҳои шаҳр чунин хизматрасониҳо ба роҳ монем, зеро ин ба сатҳу сифати зиндагии мардум таъсири беҳтар мерасонад”.
Мавриди зикр аст, ки ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва зебо намудани гӯшаву канори шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки мағозаи аввалини “Волна” дар шаҳри Душанбе дар замони Шӯравӣ таъсис ёфтааст. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ин мағоза ягона маркази махсуси фурӯши таҷҳизоти барқӣ гардида, ҳоло он дорои 4 филиал ва ташкилоти қарзии хурд мебошад. Аз мағозаҳои он асосан асбоби рӯзгор, электроника, шамолдиҳак, телефон, компютер ва планшетҳо, дастгоҳҳои видеоӣ ва ғайраро дастрас кардан мумкин аст.
АКСҲО: АМИТ “Ховар”











Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






