Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти осорхонаҳо ва дурнамои он баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ташкили осорхонаҳо — ҳамчун махзани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба намоиш гузоштани онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар робита ба ин, мо ҳамеша хоҳони ҳарчи бештари ҳамкорӣ ва расонидани кумакҳои илмӣ – методӣ ва мубодилаи таҷриба бо осорхонаҳои кишвар ҳастем. Бояд мо ҳама якҷо барои бартараф намудани мушкилиҳои соҳа кӯшиш намоем ва бештар дар иҷрои рисолати касбии худ — нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ саҳм гузорем. Чунин иброз намуд директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода 24 сентябр зимни баргузории ҳамоиши илмӣ–омӯзишии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Фаъолияти осорхонаҳо–мушкилот, рушд ва дурнамо» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади таҳлилу баррасии вазъи фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ ва ба талаботи замони муосири соҳаи осорхонашиносӣ мутобиқ сохтани онҳо баргузор гардид.
Дар кори он роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар мавзӯъҳои зарурати ҷамъоварӣ ва ҳифзи ашёи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ дар осорхонаҳо, фаъолияти фондӣ ва хусусиятҳои мукаммалгардонии он, аҳамияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар фаъолияти осорхонаҳо ва нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар ҷараёни ҳамоиш якчанд пешниҳодҳоро доир ба пешрафти осорхонаҳо ва фаъолияти онҳо иро намуда, гуфт:
«Аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи имконияти мавҷуда кӯшиш менамояд, ки ба осорхонаҳои кишвар ҳамеша кумакҳои илмӣ – методӣ расонад ва мақолаҳои таҳиянамудаи кормандони осорхонаҳои кишварро дар шумораҳои ахбори Осорхонаи миллӣ ба таври ройгон нашр намоем. Ҳамзамон мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳаммуаллифӣ буклету роҳнамо ва ҳар маводи чопие, ки марбути фаъолияти осорхонаҳои кишвар аст, аз ҳисоби Осорхонаи миллӣ маблағгузорӣ ва нашр намоем.
Ҳоло дар маҷмӯъ кормандони шуъбаи тармими Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз рӯйи шаш самт: осори сафолӣ, фулузӣ, коғаз, чӯб, матоъ, инчунин санъати тасвирӣ ва амалӣ корҳои тармимгариро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом дода истодаанд. Дар ин самт низ мо метавонем кумакҳои худро ба осорхонаҳои кишвар расонем. Ҳар экспонати муҳими таърихӣ, ки ба тармиму таҳким ниёз дорад, метавонед ба таври расмӣ барои тармим ба мо муроҷиат намоед. Ҳамчунин осорхонаҳои қаламрави ҷумҳурӣ метавонанд ба таври ройгон дар фурсатҳои муносиб намоишҳои муваққатии ашёи таърихӣ, санъати тасвирии коллексияи осорхонаҳои худро дар пойтахти кишвар дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ ташкил, ифтитоҳ ва манзури меҳмонони пойтахт гардонанд».
Дар фарҷоми ҳамоиш оид ба мушкилот, рушд ва дурнамои фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ миёни иштирокчиёни семинар муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.
АКС аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






