Дар пойтахти Тоҷикистон «Фестивали тобистонаи Душанбе-2021» баргузор мешавад

Сентябрь 14, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  25-26 сентябр дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо иштироки ситораҳои Шарқ: Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод, Юлдуз Усмонова ва сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

«Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)»  бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» баргузор мешавад.

Дар фестивал баҳри фароғату истироҳати иштирокчиён шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо ташкили шоу-консерт, хӯрокҳо ва хӯришҳои лазиз, шириниҳо ва обҳои ташнагишикан, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ ва театрӣ, парвоз дар кураҳои ҳавоӣ ва дигар чорабиниҳои сайёҳиву фароғатӣ хотири меҳмонон болида гардонида мешавад.

АКС аз  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 14, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад
Пагоҳ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд