Дар СААД аз Афғонистон даъват карданд, ки аз муқовимати мусаллаҳона худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони мудофиа ва корҳои хориҷӣ, инчунин Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД дар Душанбе изҳороти муштарак оид ба вазъи Афғонистон қабул карда шуд. Он даъватро ба ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва мазҳабии афғон барои худдорӣ аз муқовимати мусаллаҳона дар бар мегирад, менависад хабаргузории русии «Sputnik».
Дар изҳорот омадааст, ки барои ба эътидол овардани вазъ, наҷоти ҷони мардуми осоишта, барқарор кардани сулҳ, рушди иқтисодӣ, решакан кардани терроризм ва ҷиноятҳои марбут ба зуҳуроти маводи мухаддир дар Афғонистон бо тамоми шаклу намудҳояш бояд ҳама тадбирҳо андешида шаванд. Илова бар ин, кишварҳои узви СААД даъват мекунанд, ки ҳама гуна таҳдидҳои амниятие, ки аз қаламрави Афғонистон сарчашма мегиранд, бояд пешгирӣ шаванд ва азми қатъии худро барои истифодаи захираҳои дар созмон мавҷуда барои таъмини амнияти кишварҳои ҳамсоя тасдиқ мекунанд. Дар баробари ин дар санади нав даъват ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба густариши кумакҳои башардӯстона ба аҳолии Афғонистон мавҷуд аст.
Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ нияти худро барои кумак ба Афғонистон ҷиҳати табдил додани он ба кишвари осоишта, устувор ва шукуфон, озод аз терроризм, ҷанг ва маводи мухаддир тасдиқ кард. Кишварҳои узви Созмон инчунин омодаанд дар талошҳои байналмилалӣ барои субот ва рушди Афғонистон бо нақши марказии ҳамоҳангсози СММ ширкат варзанд.
АКС: © REUTERS / West Asia News Agency








Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид






