Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 30 ҳазор нафар дар роҳпаймоии осоишта иштирок намуданд

Сентябрь 9, 2021 20:33

ДУШАНБЕ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  9 сентябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта бо иштироки 30 ҳазор нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, идораву ташкилот, муассисаю корхонаҳои давлатию ҷамъиятӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Дар роҳпаймоии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода,  намояндагону касбу кори гуногун ва сокинон иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки «роҳпаймоӣ худ нишонаи иттиҳоду иттифоқӣ, сарҷамъию хушбахтии мардумро ифода карда, бо нишоти бепоён, рақсу бозӣ гузаштан аз майдон башорати зиндагии шоиставу арзандаи сокинон аст. Истиқлолият ва озодӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид ва мо дар зарфи 30 сол бо шарофати заҳмати софдилонаи халқ дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гаштем».

Раиси вилоят афзуд, ки имрӯз бо қаноатмандӣ аз пешравиҳои вилояти Хатлон ва тараққиёти бонизоми иқтисодиёт метавон ёдовар гардид, ки мардуми шарафманди вилоят давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, садҳо корхонаҳои нави истеҳсолию саноатӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд. Бунёди иншооти бисёрошёнаи замонавӣ, коргоҳу корхонаҳо, роҳҳо ва пулҳо, марказҳои таълимию тиббӣ, фарҳангӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн, ҳаммому нуқтаҳои касбомӯзӣ барои тамоми табақаи ҷомеа ба фаъолият оғоз намуда, шароити муносиби хизматрасонӣ дар маҳал фароҳам оварда шуда, мутахассисон соҳиби ҷойҳои нави корӣ гардидаанд.

Ҳамчунин шоми 9 сентябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳайати меҳмонон аз вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон, фаълони вилоят ва шаҳарвандон барномаи фарҳангии бошукӯҳ баргузор гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокдорони чорабинӣ ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми вилояти Хатлонро табрик намуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки 9 сентябр барои мардуми шарафманди тоҷик, соҳибмаърифат ва тамаддунсозу фарҳангсолор яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад. Имрӯзҳо ҳамватанони азизамон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлони бостонӣ сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро таҳти роҳбарии Пешвои муаззамии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.

Гуфта шуд, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят то имрӯз зиёда аз 8 ҳазор иншоот бунёд ва навсозӣ шуда, зиёда аз даҳ ҳазор ҷойи нави кори доимӣ ва қариб 25 ҳазор ҷойи кори мавсимӣ фароҳам омад. Дар бунёд ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ саҳми роҳбарони гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас мебошад.

Бояд гуфт, ки дар барномаи фарҳангӣ сарояндагони хушсалиқа бо сурудҳои тоза бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 9, 2021 20:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд