Дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия умедворанд, ки сафари Путин ба Тоҷикистон ояндаи наздик сурат мегирад

Сентябрь 21, 2021 12:01

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 / АМИТ «Ховар» /. Москва интизор дорад, ки сафари давлатии Президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе ояндаи наздик сурат гирад. Дар ин бора дирӯз, 20 сентябр муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко дар чаҳорчӯби клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд, хабар медиҳад ТАСС.

«Мо нақша доштем, ки сафари пурраи давлатии Владимир Владимирович Путинро ба Душанбе мутобиқ ба чорабиниҳои СААД ва СҲШ ташкил кунем. Медонед, мутаассифона, ин сафар анҷом нагирифт. Аммо мо интизорем, ки сафар ояндаи наздик сурат мегирад»,- гуфт ӯ.

Руденко ҳамчунин зикр кард, ки Русия ҳамеша аз истиқболи Президенти Тоҷикистон дар Москва шод аст.

Ташкилкунандагони конфронсе, ки дар пойтахти Узбекистон ҷараён дорад, Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ва клуби байналмилалии мубоҳисавии «Валдай» мебошанд.

АКС: Кадр аз видеои клуби Valdai

Сентябрь 21, 2021 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд