«ДУРДОНАҲОИ РОҲИ АБРЕШИМ». Филмсозони тоҷик дар Фестивали байналмилалии филмҳои Тошканд иштирок мекунанд

Сентябрь 27, 2021 11:25

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 28 сентябр то 3 октябр дар якчанд шаҳрҳои Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали байналмилалии Осиё, Африка ва Амрикои Лотинӣ баргузор мегардад, ки дар он филмсозони тоҷик бо филмҳои «Рустам ва Сӯҳроб», «Рақси зиндагӣ», «Автобус», «Муаллим» ва «Хоёлпарастони музофотӣ» иштирок мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти фестивали мазкур хабар дод.

Дар Фестивали байналмилалии филмҳои Тошканд 11 намояндаи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард: директори киностудияи «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини аввали ӯ Толиб Раҳматуллоев, сардори шуъбаи асосии киностудия Акмал Абдуллоев, коргардонҳо Далер Раҳматов, Муҳаббат Сатторова, Искандар Усмонов, наворбардорон Заур Дахте, Шуҳрат Қурбонов, ҳунарпеша Насриддин Нуриддин, суратгир Комрон Сафаров ва мунаққиди филм Тилло Некқадам.

Коргардонҳои тоҷик ба фестивал филми «Рустам ва Сӯҳроб» -и Борис Кимёгаров, «Рақси зиндагӣ»-и Муҳаббат Сатторова, «Автобус» -и Абдулхай Зокиров,  «Муаллим» -и Носир Саидов ва «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимовро манзур менамоянд.

Фестивали мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев доир мегардад.

Тибқи иттилои маркази матбуоти фестивал, «Дурдонаҳои Роҳи Абрешим» барои табодули таҷриба бо ҳамкасбони хориҷӣ равона гардидааст. Фестивали байналмилалии Тошканд таҳти шиори «Барои сулҳ, маърифат ва пешрафт!» баргузор мешавад.

Дар он филмсозон аз Узбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Булғористон, Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Испания, Қазоқистон, Кения, Қирғизистон, Марокаш, Мексика, Русия, Украина, Филиппин, Фаронса, Швейтсария, Эстония иштирок мекунанд.

Дар фестивали филмҳо барномаи беназир барои синамогарони ҷавон ба нақша гирифта шудааст. Филмсозон ба 13 шаҳр ва 30 макон дастрасӣ пайдо хоҳанд кард. Илова бар ин, иштироккунандагони барнома филмҳои худро дар доираи фестивали кинои насли нав намоиш медиҳанд.

Ба ҳайати доварони байналмилалӣ устодони маъруфи санъат, рассомон, олимон, санъатшиносон ва киношиносон, коршиносони пешбари ин соҳа дохил мешаванд. Барои мукофотонидани филмсозони ҷавон, ки аз ҷониби ҳайати доварон ва мухлисони байналмилалӣ эътироф шудаанд, дар ҳар як номинаи иловагӣ ҷоизаҳои махсус таъсис дода мешаванд.

Ба ғолибони озмуне, ки дар доираи фестивали кино баргузор мешавад, диплом, ҳайкалча ва мукофоти пулӣ супурда мешавад. Барои ҷои 1 -ум дар барномаи «Кинотеатр дар 5 рӯз» ғолиби ҷои 1-ум бо 15000 доллар, ҷои 2 -юм -10 000 доллар ва ҷои 3 -юм бо 7 000 доллар мукофотонида мешаванд.

Дар доираи фестивал Рӯзҳои кинои кишварҳои ҷаҳон — Озарбойҷон, Беларус, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Италия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон баргузор мешаванд.

Зиёда аз 150 нафар коргардонҳои маъруф аз кишварҳои зикршуда  иштирок мекунанд. Дар байни онҳо коргардонҳо, актёрон, продюсерҳои филмҳо, намояндагони ширкатҳои паҳнкунандаи филмҳо, фестивалҳои байналмилалӣ ва созмонҳо ҳастанд.

Бояд гуфт, ки ташкилкунандагони маросими ифтитоҳ Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон, Вазорати фарҳанги Русия ва намояндагони Институти умумирусиягии давлатии кинематография мебошанд.

Дар назар аст, ки дар рӯзи ниҳоии Фестивали байналмилалии Тошканд «Дурдонаҳои Роҳи Абрешим» ифтитоҳи ботантанаи кинотеатри Ренессанс Холл, бинои боҳашамат бо қариб 2000 ҷойи нишаст баргузор шавад. Маҳз дар ҳамин толор маросими пӯшидашавии Фестивали байналмилалии филмҳои Тошканд баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нахустин Фестивали байналмилалии филмҳои Тошканд соли 1968 баргузор шуда буд. Баъдан он Фестивали байналмилалии филмҳои Осиё, Африка ва Амрикои Лотинии Тошканд номида шуд. Дар он актёр ва коргардони афсонавии Ҳиндустон Раҷ Капур ва ҳунарпешаи маъруфи Индонезия Рена Эфенди ҳузур доштанд. Имсол ҳунарманд, мусиқинавоз, ҳунарманди ҳарбӣ ва таблиғгари айкидо Стивен Сигал дар фестивал ширкат намуда, дарсҳои устодона хоҳад дод. Дар фестивали кино 355 коргардони хориҷӣ, аз ҷумла 55 ситораи кинои ҷаҳон ширкат мекунанд.

Дар фестивали филмҳои Тошканд солҳои гуногун ҳамчунин филмҳои коргардонҳои дигари тоҷик – «Марги судхӯр» -и Тоҳир Собиров (1968), «Достони Сиёвуш» -и Борис Кимёгаров (1976) ва «Гаравгон»-и Юнус Юсупов (1983) низ соҳиби ҷоизаҳо шудаанд.

                                                             Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти биологии Помир оид ба рушди илму дониш дар замони истиқлол ҳамоиш доир шуд
Вазъияти кунунӣ ва сатҳи радиатсияи Искандаркӯл омӯхта мешавад
Китоби «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расид
РӮЗИ КИТОБ. Ғизои маънавии зиндагӣ бе китоб рангин нест
РӮЗИ КИТОБ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад
Дар Душанбе намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашр баргузор мегардад
Мутахассисони тоҷику хориҷӣ дар пиряхи Якарча таҳқиқоти маҷмуии илмӣ гузарониданд
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ нахустин ҳамоиши минтақавӣ доир шуд
Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти амиқ ба вуҷуд овардааст
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» оғоз гардид
Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ба беш аз 57 ҳазор оилаи шаҳри Ваҳдат «Шоҳнома» тақдим мегардад